ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо муаррифӣ гардид

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 фоизи соли 2015 ба 25,3 фоиз дар соли 2018 ва шумораи шарикони тиҷоратӣ аз 90 то 110 кишвар зиёд гардида, диверсификатсияи содирот аз 150 то наздики 480 номгӯи молҳо беҳтар карда шуд.

Ин матлаб зимни мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, сармутахассиси Раёсати банақшагирӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Мирзоев бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори Маркази байналмилалии тиҷорат (МБС) Аранча Гонзалез иброз гардид.

21 майи соли 2019 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария мулоқот баргузор гардида, дар он масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи тарафҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо З. Завқизода аз ҳамкории судманд бо ҷониби МБС изҳори қаноатмандӣ намуда, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи иҷрои ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, махсусан дар самтҳои иштироки кишвар дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо муаррифӣ намуд.

Ҷониби МБС низ аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо ва иштироки фаъолона дар фаъолияти СУС изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ҷавоб ба дархости ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои зиёд намудани кумаку дастгириҳои ин созмон иброз намуд.

 /АМИТ «Ховар»/.

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: