ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рушди фаъолияти гумрук дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 январи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар факултети тиҷорат ва гумрук мизи мудаввар бахшида ба рӯзи гумрукчиён дар мавзӯи «Рушди фаъолияти гумрук дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, омӯзгорону мутахассисон ва кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар муовини Сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ, полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ва cардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Абдуқодирзода Ҷамшед Комил иштирок намуда, доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соддагардонии расмиёти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ибрози назар намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: