ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хуршед Каримзода: «Рисолати мақомоти гумрук таъмини амнияти иқтисодӣ ва ғанӣ гардонидани буҷа аст»

 Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз иҷро гардидани нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2018 мужда расониданд. Соли сипаригардида ба ҷойи 4 миллиарду 802,7 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ 4 миллиарду 858,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ бе назардошти 30 дарсади хироҷ 101,2 фоиз иҷро гардид. Ин пайғом дар ҳолест, ки 22 январ гумрукчиёни тоҷик иди касбии худ- Рӯзи таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.

 

 Муваффақиятҳои соҳа бозгӯи фаъолияти самараноканд

Дар арафаи ин санаи таърихӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  роҳбарият ва кормандони мақомоти гумруки кишвар дар соли сипаригардида дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини даромадҳои гумрукию пешгирии қочоқи молу маҳсулот фаъолияти самарабахш анҷом дода, ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардиданд. Мавсуф изҳор намуд, ки дастовардҳои соҳа дар соли 2018 бозгӯи фаъолияти самараноки масъулони соҳа дар самти иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ ва қонунгузории бахши калидии иқтисоди миллӣ мебошад. Аз нақша зиёд иҷро намудани пардохтҳои гумрукӣ ба кадом омилҳо рабт дорад?

Дар посух ба ин савол Хуршед Каримзода афзуд, ки барзиёд иҷро намудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ соли гузашта аз амалӣ шудани  такмили низоми маъмурикунонии соҳа, аз ҷумла татбиқи дурусти қонунгузории амалкунанда дар самти муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ, барасмиятдарории сифати молҳои ниёзи мардум, гузарондани машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони иқтисодии хориҷӣ, пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии маҳсулот сарчашма мегирад.

Рисолати мақомоти гумрук таъмини амнияти иқтисодист

Мусаллам аст, ки мақомоти гумруки мамлакат зодаи даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии соли 1992  таъсис дода  шудааст. Маҳз бо шарофати Истиқлолият ва таваҷҷуҳи  хоссаи Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сохтори калидию  мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети  кишвар  табдил гардид.

 «Мақомоти гумрук дар ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ яке аз ниҳодҳои калидӣ маҳсуб  ёфта, нақши он дар самти танзими фаъолияти иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ муҳим аст»,-мегӯяд сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ. Ҳамзамон таъмини амнияти иқтисодии кишвар аз рисолати асосии Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ буда,  он ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуда, дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ таъсиррасон аст. Рисолати Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ҳамчун  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ ва қочоқи молу маҳсулот, ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, аслиҳа, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангии халқамон ва  назорат  аз болои содироти молҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ  нигаронида шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2018 кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ фаъолияти чашмрас нишон дода, беш аз чор ҳазор ҳолати қонуншикании гумрукиро ошкор намуданд. Инчунин дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбута дар самти таъмини амнияти иқтисодии кишвар дар доираи салоҳияти худ 11 ҳолати интиқоли молҳои пастсифат ба қайд гирифта шуда, нисбат ба онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

 

Кодекси гумрук дар Иҷлосияи таърихӣ тасдиқ гардидааст

Тоҷикистон  дар байни кишварҳои собиқ шӯравӣ дуюмин шуда, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тарифи гумрукӣ»-ро таҳия  намуд. Он дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Соли 2004 Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи умумибашарӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ таҳия шуда, барои рушду такомули заминаҳои ҳуқуқии соҳа марҳилаи сифатан нав ба маҳсуб меёбад, қабул гардид. Кодекси нав яке аз омилҳои асосии рушди  иқтисодиёти мамлакат гашта, барои ғанӣ гардонидани буҷети кишвар, фаъолгардонии соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд.   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрук ва иштирокчии конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи гумрук мебошад.

Роҳбарияти мақомоти гумруки мамлакат дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалии гумрукӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Танҳо соли гузашта  роҳбарияти мақомоти гумрук бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ барои тақвияти ҳамкорӣ дар  соҳаи гумрук беш аз панҷоҳ  вохӯриҳои судманд анҷом дод. Масъалаҳои ироаи кумакҳои моддию техникӣ,  табодули омори гумрукӣ, таҷриба, иштироки фаъолона дар робитаҳои минтақавии соҳавӣ, омодасозии мутахассисони касбӣ аз мавзуоти меҳварии вохӯриҳо буданд.

Таҷдиди инфрасохтори гумрукӣ пайкест аз рушди соҳа

Зарфи солҳои охир дар самти таҳкими заминаи моддию техникӣ Хадамоти гумрук ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, қариб тамоми дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва биноҳои маъмурӣ дорои заминаи моддию техникии замонавианд. Дар зарфи 27 соли охир  беш аз 50 иншооти  нав  ба истифода дода шуда, зиёда аз сад иншоот таъмиру таҷдид гардиданд. Дар масоҳати 24 гектар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» ва Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук бунёд гардида, бо таҷҳизоти назоратии замонавӣ таъмин шудаанд. Инчунин  дидбонгоҳҳои гумрукии «Кулма», «Қизил-Арт», «Қарамиқ», «Айвоҷ», «Қӯштегирмон» «Гулистон» ва Терминали «Дустӣ» ба истифода дода шуда, чандин иншооти гумрукӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, биноҳои дидбонгоҳҳои гумрукии «Тем», «Рузвай», «Ишкошим», «Нов», «Пролетар», «Пахтаобод», «Хошадӣ» ва  «Патар»-мавриди истифода қарор гирифтанд. Терминали гумрукии «Мурғоб» сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Дар ин давра мақомоти гумрук  дорои таҷҳизоти назоратии муосир шуданд. Кормандони мақомоти гумрук барои пешбурди фаъолияти хизматиашон бо таҷҳизоти муосири коргузорӣ, муоина ва назорати гумрукӣ таъминанд.

Мақомоти гумрук дар рушди ҳукумати электронӣ қадамҳои устувор мегузорад

Мақомоти гумрук баҳри сода гардонидани расмиёти содиротию воридотӣ ва таъмини шаффофияти амалиёти барасмиятдарории гумрукӣ корҳои назаррас ба анҷом расонидаст. Хусусан самти барасмиятдарории саривақтии гумрукӣ аз байн бурдани монеаҳоеро, ки ҳангоми воридоти молҳо аз хориҷи кишвар ба мушоҳида мерасиданд, тартиби декларатсия кардани молҳо ва сода гардонидани расмиёти гумрукиро мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда ва ҳуҷҷати ягонаи маъмурӣ, ки дар мамлакатҳои Аврупо истифода шуда, ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонист, татбиқ намуд.  Ҳамзамон тартиби нави пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ ва транзитӣ бо назардошти дар мақомоти гумрук ҷорӣ намудани Низоми ягонаи автоматонидашудаи иттилоотӣ мавриди амал қарор гирифт. Бо ин мақсад «Қоидаи муваққатии пешниҳод ва қабули декларатсияи электронӣ, инчунин дигар намудҳои мубодилаи маълумоти электронӣ вобаста ба иҷрои расмиёти содирот, воридот ва транзит» ба тасвиб расида, роҳандозӣ гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар сохтори Хадамоти гумрук маъмурияти низоми  иттилоотии автоматонидашудаи ягона дар назди Хадамоти гумрук ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равзанаи ягона» таъсис дода шуданд. Дар самти ҷорӣ намудани системаи равзанаи ягонаи гумрукӣ аллакай қисми зиёди расмиёти дохилии сохторҳои марбутаи давлатӣ барои шомил намудан ба системаи мазкур ҷамъоварӣ гардиданд. Бо фаъол шудани низоми  барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ тариқи табодули ҳуҷҷатҳои коғазӣ дар кишвар марҳила ба марҳила аз байн рафта, дархосту пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, мубодилаи иттилоот ва қабули пардохтҳои ҳатмӣ байни сохторҳои давлатии ба низоми пайвастшуда ба таври электронӣ ба роҳандозӣ мегардад.

Таърих ва ташаккули фаъолияти гумрукӣ

Пайдоиши гумруку ташаккули фаъолияти гумрукӣ ба пайдоиши давлатҳо, сарҳадоти онҳо ва ташкили бозорҳои дохиливу хориҷӣ иртибот дошта, ҳанӯз дар асрҳои VII – VI пеш аз мелод фаровонии мол, заминҳои ҳосилхези киштбоб, захираҳои маъдани Осиёи Марказӣ боиси фаъол шудани муносиботи тиҷоратӣ гардиданд. Додугирифти савдо миёни қавму халқияти гуногун ривоҷ меёфт. Сарзамини аҷдодиамон дар он замон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ба ҳайси пули иртиботӣ  миёни кишварҳои Машриқзамин, назири Чину Ҳиндустон ва мардумони минтақаи назди Волгаю Қазоқистон, Сибиру Аврупои Шарқӣ маҳсуб меёфт, зеро корвонҳои пур аз мол қаламрави Осиёи Марказиро убур мекарданд.  Рушди савдо яке аз омилҳои асосии зуҳури низоми андозбандӣ, аз ҷумла муайян намудани боҷу хироҷи гумрукӣ ва пайдоиши мақомоти боҷгир гардид.

 Аҷдодонамон соҳиби девони «Мӯҳтасиб» буданд

Аввалин бор боҷу хироҷи сарҳадӣ бо номи «боҷи дарвоза ва дигар намуди андозҳо ҷорӣ карда шуданд. Ҳанӯз дар аҳди Сомониён, ки бо низоми пешрафтаи идоракунии давлатӣ маъруф буд, девони «Мӯҳтасиб» фаъолият мекард ва аҷдодонамон бо кишварҳои Аврупову Осиё робитаи густурдаи иқтисодӣ ва сиёсӣ барқарор намуда буданд. Тоҷирони ин кишварҳо дар Самарқанду Бухоро намояндагиҳои доимӣ доштанд. Дар он давраҳо усулҳои гуногуни андоз ва боҷу хироҷ ҷорӣ гардида буд. Агар ба таърихи гумрук дар замони собиқ  Шӯравӣ назар афканем, дар он солҳо Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ  фаъолият дошт. Дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ ягона гузаргоҳи гумрукии ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ назораткунанда  дидбонгоҳи гумрукии Тирмиз маҳсуб меёфт. 7 апрели соли 1987 шуъбаи фаврии назорати гумрукии Панҷи Поён таъсис дода шуд, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ба гумруки Тирмиз тобеъ буд. Роҳбарии воҳидҳои номбурдаи гумрукӣ бевосита аз ҷониби Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал бароварда мешуд. Моҳи майи соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳайати шахсии 41 нафар таъсис дода шуд. Роҳбарии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Саридораи назорати давлатии гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд. Соли 1991 Саридораи назорати давлатии гумрук ба Кумитаи гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дода шуд, Кодекси гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қонуни Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул гардиданд.

Нуқтаи гумрукии Панҷи Поён- мерос  аз замони Шӯравӣ

22 январи соли 1992 бо таъсиси Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон гузошта шуд. Ҷараёни барқароршавии мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ба шароити хеле мураккаб рост омад, ки бесарусомониҳои сиёсии дохилӣ ба содироти беназорати арзишҳои моддии асоси иқтисодиёти кишварро ташкилкунанда мусоидат намуд. Баъди пош  хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мақомот, иншооти гумрукӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳаи гумрук берун аз ҳудуди кишварамон монданд. Ба Тоҷикистон танҳо нуқтаи гумрукии Панҷи Поён мерос монда, беш аз 2350 километр сарҳадоти маъмурӣ бо собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба сарҳади давлатӣ табдил ёфтанд.

Ёди родмардоне, ки дар роҳи ҳифзи амнияти иқтисодии кишвар ҷон нисор кардаанд

Аз рӯзҳои мавҷудияти мақомоти гумруки  кишвар гумрукчиёни тоҷик садди роҳи гурӯҳҳои ҷинояткоре мегардиданд, ки аз вазъи номӯътадили сиёсӣ ва мақомоти фалаҷгардида истифода бурда, сарватҳои кишварамонро бераҳмона ғорат менамуданд. Кормандони гумрук ҳатто дар душвортарин лаҳзаҳо, ки дар кишварамон  нобасомониҳо  авҷ гирифта буданд, ҷойҳои кории худро тарк накарда, то охир ба вазифаҳои хизматии худ содиқ монданд. Дар чунин шароити вазнин беҳтарин анъанаҳои фаъолияти мақомоти гумруки кишвар  ба вуҷуд омад. Дар арафаи  ҷашни 25-умин солгарди таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ёд намудани хотираи неки аввалин гумрукчиёни тоҷик, ба мисли Мавлон Олимов,  Алмос  Гадоев,  Назирмад  Гулматов,  Рустамбек  Ғаниев,  Ғоиб Мирзоев,  Шавкат Агаев,  Алӣ Имомназаров ва  Сергей Ситковский, ки зимни сарбаландона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ҷони худро нисор кардаанд, амрест хайр.  Ин родмардони шуҷоъ бо фидокорӣ, далерӣ  ва  меҳнати софдилона дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар он шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии кишвар мардонагӣ нишон дода,  содиқ монданд. Корномаи чунин родмардони ғаюр  ифтихорест дар ҷодаи садоқат ба Ватан барои насли имрӯз, хусусан гумрукчиёни ҷавон, зеро шуҷоатмандии онҳо дар таърихи гумруки мамлакат  сабт гардидааст.

                                                                  Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

 

 

 Бо истифода аз фурсати муносиб ҳайати эҷодии  АМИТ «Ховар» кормандони мақомоти гумруки мамлакатро бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо комёбию муваффақиятҳо орзуманданд.

 

ДУШАНБЕ, 22.01.2019 /АМИТ«Ховар»/.

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: