ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 23 ноябри соли 2018 дар Хадамоти гумрук бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ҳусни оғоз бахшида, ҳайати шахсиро ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда ва иброз дошт, ки: - “Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар як кишвару халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами давлатӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад”.

Инчунин, муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ, полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ва нозири Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, лейтенанти хадамоти гумрук Назаров Сангалӣ дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар охир муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар ҷамъомади тантанавиро ҷамъбаст намуда, иброз намуд, ки эҳтироми муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: