ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Курси тайёрии ибтидоии кормандони нав ба кор қабулгардида

Пайваста такмил додани дониши касбии кормандони мақомоти гумрук тақозои замон ва яке аз омилҳои муҳими рушди соҳа ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади мукаммал гардонидани донишу малакаи касбии кормандони мақомоти гумрук аз 29 октябр то 23 ноябри соли ҷорӣ, курси тайёрии ибтидоии кормандони нав ба кор қабулгардида, ба роҳ монда шуда, 17 нафар кормандон ба ҳайси шунаванда иштирок намуданд.

 

Мувофиқи барномаи таълимӣ ва ҷадвали дарсӣ устодони Донишкада ба шунавандагон дар самтҳои ҳуқуқу вазифаҳои кормандони мақомоти гумрук, мафҳум ва моҳияти Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, барасмиятдарории молу воситҳои нақлиёт, Кодекси одоби касбии кормандони мақомоти гумрук, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ ва тартиби истифодабарии воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва ғайра машғулиятҳо гузарониданд.

Ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ ҷараён додани раванди таълиму тадрис, сардорони воҳидҳои сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, Лабораторияи гумрукии марказӣ, КВД «Равзанаи ягона» ва намояндагони Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои пешбурди машғулиятҳо даъват гардида буданд.

23 ноябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук имтиҳони иштирокчиёни курси мазкур доир гардид, ки ба иштирокунандагони он пас аз бомуваффақият супоридани имтиҳон шаҳодатнома супорида шуд.

Донишкадаи такмили ихтисос як воҳиди сохтории Хадмоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои беҳтар намудани сатҳи дониши тахассусии кормандони мақомоти гумрук ташкил гардидааст.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: