ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ — ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР ВА УСУЛҲОИ ДАЪВАТ БА САФИ ОНҲО

Маънои луғавии калимаи «ифрот» — аз ҳад ва андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан аст.

«Ифротгароии динӣ» ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои динӣ ва иҷрои таълимоти дин сахтгирии аз ҳад зиёде зоҳир менамояд ва аз ҳадди зарурӣ мегузарад.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм- самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ

Мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки дар партави сиёсати дурандешонаи роҳбарияти кишвар ва пуштибонии мардум сулҳу субот дар Тоҷикистон таъмин аст, вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам боиси нигаронӣ мебошад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки фарҳанг, забон, расму оин ва арзишҳои миллиамонро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳифз намоем.

ОИД БА ПАДИДАИ ТЕРРОРИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Дар марҳилаи ниҳоии ҷанги сард фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ боис гардид, ки марзҳои геосиёсӣ якҷоя бо идеологияи собиқ аз миён раванд. Ин сабаби раванди ҷаҳонишавӣ ва бо суръати бесобиқа густариш ёфтани он гардид. Дар назми ҷаҳонишавӣ феълан ваҳдати ақида, идея ва иродаи комил вуҷуд надорад.

Чунин хараҷу мараҷ ва бесарусомонӣ айни мудаои олами сармоя буда, рӯйдодҳои охир дар манотиқи кишварҳои алоҳида исботи ин гуфтаҳоянд. Зеро ба ин васила ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Дар як минтақаи муайян, асосан дар биёбон, кӯҳу ғорҳои касногузар, ногаҳон пайдо шудани гуруҳҳои саропо мусаллаҳи террористӣ ва алайҳи кофирон ба мубориза оғоз кардан тааҷҷубовар, аниқтар шубҳаангез мебошад. Онҳо мисли занбуруғи баъди борон рӯида бошанд ҳам, аз ҷониби давлатҳои пурқуввати ҷаҳони сармоя ҷонибдорӣ меёбанд.

Page 4 of 6

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: