ДУШАНБЕ, 07.02.2026 . Терроризм ва экстремизм имрӯз ба хатари ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба амнияти давлатҳо, сулҳу суботи ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум таҳдид менамоянд. Ин нукта зимни ифтитоҳи намоиши асарҳои рассомони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон-зидди терроризм» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баён гардид.
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
ДУШАНБЕ, 05.04.2026. Дар ҷаҳони муосир таҳкими худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсӣ маҳаки асосии пойдории давлату миллат ва иттиҳоду ягонагии халқ маҳсуб мешаванд. Зеро раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо, манфиатҷӯии қудратҳо, муборизаҳои идеологӣ ва тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои радикалӣ дар ҳолати ғафлат метавонанд суботи ҷомеаро халалдор созанд.
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
ДУШАНБЕ, 03.03.2026 . Терроризм яке аз хатарҳои ҷиддитарини ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии давлатҳоро таҳти таҳдид қарор медиҳад. Ин кирдор бо истифода аз зӯроварӣ, тарсу ҳарос ва амалҳои ғайриқонунӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ё мазҳабӣ амалӣ мегардад. Терроризм марз намешиносад ва метавонад дар ҳар минтақаи ҷаҳон зуҳур намояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳҳои ифротӣ имконияти бештар барои таблиғ ва ҷалби ҷонибдорон пайдо мекунанд, ки ин вазъ муборизаи дастҷамъонаро талаб менамояд.
Page 2 of 6


