16-уми октябр дар канори шаҳри Париж як ҷавони 18-сола сари муаллими таърихро бурид, ки ин амалро Президенти Франсия Эммануэл Макрон ҳодисаи террористӣ унвон кард. Ҳодисаҳои террористӣ рӯз то рӯз дар Афғонистони ҳамсоя низ рӯ ба афзоиш аст. Масалан, 16 октябр дар ҳамлаҳои террористӣ дар вилоятҳои Ғур ва Пактиёи Афғонистон ҳафт нафар кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар маҷмӯъ, 16 октябр дар Афғонистон ду инфиҷор рух дод.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории
Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Ҳамаи шумо ва ҳайатҳои ҳамроҳатонро ба диёри офтобии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.
Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад.
Албатта, таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳими эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо ру ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд.
Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати фаромарзӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад.
Дар ҳоли ҳозир амалҳои терроризми байналмилалӣ ва ифрогароӣ пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандони оддӣ мегарданд.
Page 6 of 6
Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|
(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru
- 734025
- + (992 37) 221-22-35| 223-26-27|
221-16-92, + 130 - + (992 37) 221-46-30|
- info@gumruk.tj
- http://gumruk.tj
- http://tamognia.tj
- http://customs.tj


