ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

526 корманди гумрук соҳиби донишу малакаҳои нав шуданд

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони мақомоти гумрук, аз 22 сентябр то 2 октябри соли 2026 дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд, инчунин воҳидҳои сохтории онҳо дарсҳои сайёр баргузор гардиданд.

Дар асоси фармоиши дахлдор барои гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаҳо сафарбар карда шуданд.

Дарсҳои сайёр аз 22 то 23 сентябр дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, аз 24 то 25 сентябр дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва аз 28 сентябр то 2 октябр дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ва воҳидҳои сохтории онҳо баргузор гардида, ҳайати шахсии раёсатҳои минтақавии гумрукӣ, гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ ба машғулиятҳо пурра фаро гирифта шуданд.

Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида, аз ҷониби кормандони Донишкада вобаста ба масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ, рушди мақомоти гумрук, таъмини амнияти миллӣ ва муқовимат ба ҳуқуқвайронкуниҳо як қатор мавзӯъҳои омӯзишӣ пешниҳод гардиданд.

Аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва институтсионалии кишвар, аз ҷумла таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва вусъат додани шуғли пурмаҳсул шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Ҳамзамон, Барномаи рушди миёнамуҳлати мақомоти гумрук барои солҳои 2025–2029, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №222 тасдиқ шудааст, мавриди омӯзиш қарор гирифт. Зимни баррасии ин мавзуъ ба масъалаҳои такмили қонунгузории гумрукӣ, навсозии инфрасохтори гумрукӣ, такмили маъмурикунонии гумрукӣ, муҷаҳҳазгардонии дидбонгоҳҳо бо воситаҳои техникии муосири назорати гумрукӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори касбии кормандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар идома, муҳтавои Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2021, №145 қабул шудааст, шарҳ дода шуд. Дар ин раванд, масъалаҳои пешгирии муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ гардиданд.

Инчунин, ба иштирокчиён Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №73 тасдиқ шудааст, муаррифӣ карда шуд. Зимни машғулиятҳо аҳаммияти пешгирии барвақтии экстремизм ва терроризм, коҳиш додани омилҳои ба онҳо мусоидаткунанда, таъмини амнияти иттилоотӣ ва тақвияти корҳои профилактикӣ таъкид гардид.

Дар баробари ин, Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 тасдиқ шудааст, мавриди омӯзиш қарор гирифт. Диққати асосӣ ба пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва мубориза бо терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, савдои одамон, коррупсия ва дигар намудҳои ҷинояткории муташаккилу фаромиллӣ равона карда шуд.

Мавзуи дигари муҳими машғулиятҳо Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 буд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 қабул шудааст. Дар ин замина, зарурати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ, ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ва тақвияти арзишҳои демократӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар маҷмӯъ, дар машғулиятҳои сайёр 526 нафар корманди мақомоти гумрук иштирок намуданд. Аз ин шумора, 112 нафар ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, 117 нафар ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва 297 нафар ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд рост меоянд.

Зимни баргузории дарсҳо иштирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои баррасишуда ва самтҳои мухталифи фаъолияти гумрукӣ саволу дархостҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо аз ҷониби кормандони Донишкада посухҳои мушаххас ва тавзеҳоти зарурӣ дода шуданд.

Иштирокчиён, ҳамчунин, зарурати идома додани чунин машғулиятҳои омӯзиширо дар минтақаҳо муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки баргузории мунтазами дарсҳои сайёр барои сари вақт огоҳ шудан аз тағйиру иловаҳои қонунгузории соҳавӣ, такмили донишҳои касбӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ мусоидат менамояд.

Баргузории чунин дарсҳои сайёр яке аз тадбирҳои муҳим дар самти такмили ихтисос, таҳкими донишу малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии хизматии кормандони мақомоти гумрук ба ҳисоб рафта, барои иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: