ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ноҳияи Рашт вобаста ба муқовимат ба коррупсия, терроризм ва экстремизм семинар баргузор шуд

22 июли соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масъулин дар мавзуи «Коррупсия, терроризм ва экстремизм – ҳамчун зуҳуроти номатлуби замони муосир ва роҳҳои муқовимат ба онҳо» семинар баргузор гардид.

 

Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиш баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими муқовимат ба зуҳуроти коррупсионӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, инчунин тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни семинар таъкид карда шуд, ки коррупсия, терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои асосии ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, ба амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешрафти устувори давлату ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб вазифаи муҳими мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Иштирокчиён зикр намуданд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия, терроризму экстремизм ва таъмини амнияти ҷомеа равона гардидааст.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Терроризм ва экстремизм марзу миллат ва дину мазҳаб надоранд ва мубориза бар зидди онҳо вазифаи дастаҷамъонаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.» Инчунин Сарвари давлат пайваста иброз медоранд, ки «Коррупсия яке аз монеаҳои асосии рушди устувори давлат буда, мубориза бо он танҳо бо иштироки фаъоли ҷомеа ва риояи қатъии қонунгузорӣ самараи дилхоҳ медиҳад.»

Дар рафти семинар иштирокчиён доир ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ миёни ҷавонон мубодилаи афкор намуданд. Таъкид гардид, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз омилҳои муҳими пешгирии гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад.

Дар анҷоми ҳамоиш зикр шуд, ки танҳо тавассути ҳамкории муассири мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини мамлакат метавон бар зидди коррупсия, терроризм ва экстремизм муборизаи муассир бурда, сулҳу субот, волоияти қонун ва амнияти ҷомеаро ҳифз намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: