ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 07.02.2026 . Терроризм ва экстремизм имрӯз ба хатари ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба амнияти давлатҳо, сулҳу суботи ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум таҳдид менамоянд. Ин нукта зимни ифтитоҳи намоиши асарҳои рассомони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон-зидди терроризм» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баён гардид.

 

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки намоиш бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.

Иброз гардид, ки пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, боло бурдани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, фарҳангӣ ва ватандӯстии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Инчунин оид ба нақши ҷавонон дар ҳифзи сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ сухан гуфта шуд. Иштирокдорон афзуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва ташкилию ниҳодиро барои муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам оварда, якчанд қонун ва стратегияҳои муҳимро қабул ва татбиқ намуд.

Иштирокдорон намоиши асарҳои рассомони ҷавонро тамошо намуданд. Асарҳо бо забони санъат хатари терроризму экстремизм, пайомадҳои фоҷеабори он ва аҳамияти сулҳу ваҳдати миллиро инъикос менамоянд. Дар фарҷоми чорабинӣ муаллифони асарҳо — мусаввирони ҷавон барои саҳми арзанда дар тарғиби идеяҳои сулҳ, ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ бо туҳфаҳо ва ҷойҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд.

Намоиш то 14 феврал дар Осорхонаи миллӣ идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

/АМИТ «Ховар»/

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: