Маънои луғавии калимаи «ифрот» — аз ҳад ва андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан аст.
«Ифротгароии динӣ» ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои динӣ ва иҷрои таълимоти дин сахтгирии аз ҳад зиёде зоҳир менамояд ва аз ҳадди зарурӣ мегузарад.

Ифротгаро динро маҳдуд ва сатҳӣ дарк намуда, бо чунин фаҳмиши танг амал мекунад ва аз дигарон низ ҳамин тарзи рафторро талаб менамояд. Шахси ифротгаро гирифтори таваҳҳум мешавад — гумон мекунад, ки танҳо фаҳмиш ва амали ӯ дуруст аст, дар ҳоле ки ҷомеа ҳама «фосиқ», мақомот «фосид», уламо «бидъаткор», дигарандешон «кофир», мағозаю ошхонаҳо «ҳаром», бонкҳо «рибохор», маҳсулоти рӯзгор «моли куффор» ва расонаҳо «дурӯғпаҳнкунанда» мебошанд.
Ин гуна ашхос тадриҷан аз ҷомеа канор мераванд, ба мушкилоти равонӣ гирифтор мешаванд ва омода мешаванд, ки нисбат ба ҷомеа ва одамон таҳқир, нафрат ва зӯровариро раво бинанд. Ифротгароии динӣ метавонад ба хатари ҷиддие барои ҷомеа табдил ёбад.
Ақидаҳои ифротӣ аз сатҳи фикрӣ ба сатҳи амалӣ мегузаранд. Шахси ифротгаро дигаронро танқид намуда, нисбат ба тарзи зиндагии онҳо оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикронашро ба мубориза алайҳи дигарон даъват мекунад. Ин шакли радикалӣ ва хатарноки ифротгароии динӣ аст, ки метавонад ба зинаи терроризм расад.
Аз ифротгароӣ то терроризм
Терроризм — истилоҳест, ки барои амалҳои зӯроварона ва даҳшатангез истифода мешавад, ки бо ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ё иқтисодӣ анҷом меёбанд. Ифротгароён барои расидан ба ҳадафҳои худ аз хушунат истифода бурда, ҷомеаро зери фишор мегиранд. Чунин арзишҳо барои ҷомеаи муосир қобили қабул нестанд.
Дар замони муосир, амалҳои террористӣ шакли бераҳмона гирифта, бештар ба аҳолии осоишта нигаронида мешаванд. Гурӯҳҳои террористии мусаллаҳ ва муташаккил бо истифода аз технология ва яроқҳои марговар фаъолият мекунанд.
Имрӯз терроризм хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб кардааст ва ба хатари ҷиддии амниятии ҷаҳон табдил ёфтааст. Гурӯҳҳои террористӣ аз зери ниқоби дини Ислом истифода бурда, мардону занон, ҳатто ноболиғонро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафи худ ҷалб мекунанд.
Онҳо талафоти ҳаррӯзаи ҷонӣ ва камбуди аъзоёни худро бо даъвати афроди нав пур мекунанд. Террористон хилофати ғайриқонунӣ таъсис дода, ба бесарусомонӣ, қатлу ғорат ва куштори мардум машғуланд.
Усулҳои ҷалб ба гурӯҳҳои террористӣ
Шабакаҳои иҷтимоӣ ба абзори даъватии гурӯҳҳои террористӣ табдил ёфтаанд. Онҳо наворҳоеро паҳн мекунанд, ки дар онҳо гӯё ба мусулмоне зулм шуда бошад, дар ҳоле ки шахсият ва воқеияти навор маълум нест.
Онҳо дар саҳифаҳои шахсии худ ҷамъият ташкил намуда, дар он наворҳои динӣ ҷой медиҳанд. Баъдан шахсонро ба гуфтугӯ дар бораи Ислом даъват карда, тадриҷан ба онҳо идеологияи радикалӣ шомил менамоянд.

Се намуди ҷалбкунандагон:
1. Даъватгарони шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шахсони ноаён, ки бо номҳои сохта чун “Ришдори машҳур”, “Муҳаммади Хуросонӣ” ва ғайра фаъолият мекунанд. Онҳо тавассути наворҳо ва суҳбатҳои онлайн ақидаҳои ифротиро таблиғ намуда, дар ниҳоят ба ҳиҷрат ва пайвастан ба гурӯҳҳо даъват менамоянд.
2. Воизон:
Онҳо баромадҳои худро ба навор гирифта дар сомонаҳо мегузоранд. Бо пешниҳоди таълимоти зоҳирии исломӣ боварии мардумро ба даст меоранд ва баъдан даъвати ҳиҷрат ва пайвастан ба гурӯҳҳои террористиро пеш мегузоранд.
3. Имомони радикалист:
Фаъолияти онҳо монанди воизон аст, аммо бештар тариқи гуфтугӯҳои рӯ ба рӯ сурат мегирад. Онҳо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи муосирро зидди Ислом эълон намуда, бо баҳонаи барпо намудани «Исломи ҳақиқӣ» таблиғи ифротгароӣ ва ҳиҷрат мекунанд. Ин усулҳо танҳо як бахши кӯчак аз роҳу воситаҳои ҷалб ва гумроҳ сохтани ҷавонон, занон ва кӯдакон аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд. Аммо ифротгароён ҳамарӯза усулҳои нав ба нави ҷалбро таҳия мекунанд.
Терроризм ва ифротгароӣ аз хатарноктарин мушкилоти асри XXI мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва вазъи минтақа, дар сафи аввалини мубориза қарор дорад.
Ифротгароӣ як падидаи ҷаҳонист ва муқовимат бо он аз масъулияти ҳар як шаҳрванди бедордил мебошад. Вазифаи ҳар як падару модар, устод ва шахсони масъул аст, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон аҳамият диҳанд.
Мо бояд фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем.
Беҳуда нагуфтаанд: «Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ».
Абдуллозода Озода


