Мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки дар партави сиёсати дурандешонаи роҳбарияти кишвар ва пуштибонии мардум сулҳу субот дар Тоҷикистон таъмин аст, вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам боиси нигаронӣ мебошад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки фарҳанг, забон, расму оин ва арзишҳои миллиамонро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳифз намоем.
Дар доираи татбиқи "Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", 27 феврали соли 2025 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе вохӯрии намояндагони мақомоти гуногун бо мусофирони хатсайрҳои Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар ин мулоқот кормандони мақомоти гумрук, прокуратураи нақлиёт, шуъбаи назорати сарҳадӣ, Хадамоти муҳоҷират ва амнияти фурудгоҳ иштирок намуда, бо муҳоҷирони меҳнатӣ суҳбат карданд.
Дар рафти вохӯрӣ мавзӯъҳои муҳим, аз ҷумла донистани забони русӣ, мақсади сафари муҳоҷирон ба Русия ва мавҷудияти ҷойи кору истиқомати муваққатӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, масъулин муҳоҷиронро аз хатарҳои терроризм ва экстремизм огоҳ намуда, онҳоро ба ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ даъват карданд. Зикр гардид, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо мақсади ноором сохтани давлатҳо ва ангехтани низоъҳои мазҳабӣ фаъолият мебаранд, ки ин таҳдидро набояд нодида гирифт.
Қайд шуд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар мубориза бо терроризм ва экстремизм саҳм гузорад, зиракии сиёсиро нигоҳ дорад ва барои таъмини амнияти миллӣ талош варзад. Ба ҷавонон тавсия дода шуд, ки аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ худдорӣ кунанд ва ҳангоми истифодаи интернет эҳтиёткор бошанд, то маводи марбут ба ташкилотҳои мамнуъро мутолиа ва паҳн насозанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ масъулин ба саволҳои мусофирон посух дода, онҳоро барои риояи қонунҳои кишвари худ ва кишварҳои мизбон ҳидоят намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон