Дар марҳилаи ниҳоии ҷанги сард фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ боис гардид, ки марзҳои геосиёсӣ якҷоя бо идеологияи собиқ аз миён раванд. Ин сабаби раванди ҷаҳонишавӣ ва бо суръати бесобиқа густариш ёфтани он гардид. Дар назми ҷаҳонишавӣ феълан ваҳдати ақида, идея ва иродаи комил вуҷуд надорад.
Чунин хараҷу мараҷ ва бесарусомонӣ айни мудаои олами сармоя буда, рӯйдодҳои охир дар манотиқи кишварҳои алоҳида исботи ин гуфтаҳоянд. Зеро ба ин васила ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Дар як минтақаи муайян, асосан дар биёбон, кӯҳу ғорҳои касногузар, ногаҳон пайдо шудани гуруҳҳои саропо мусаллаҳи террористӣ ва алайҳи кофирон ба мубориза оғоз кардан тааҷҷубовар, аниқтар шубҳаангез мебошад. Онҳо мисли занбуруғи баъди борон рӯида бошанд ҳам, аз ҷониби давлатҳои пурқуввати ҷаҳони сармоя ҷонибдорӣ меёбанд.
Имрӯз дар баъзе кишварҳои Шарқи Наздик пояи ин ҷаҳолат аз ҳад зиёд нуфуз кардааст.тарбия таъсири манфӣ мерасонад.
Вобаста ба ин падидаи номатлуб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 декабри соли 2022) чунин таъкид доштанд: ”Имрӯзҳо гуруҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Онҳо касонеанд, ки воқеан гумроҳ буда, ахлоқ ва таълиму тарбияи казоӣ надорад. Бахусус пайдо шудани равия ва ҷараёнҳои мазҳабӣ боиси нооромӣ ва носуботӣ дар ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ пеши роҳи ин ва дигар равияҳоро низ гирифтан лозим аст, зеро ба ҷуз ихтилоф ва низоъ ба ҷомеа чизе дода наметавонанд. Бо ақидаҳои хатарноки худ ҷавононро аз суннат ва анъанаҳои садсолаҳо эътирофшуда, дур кардан мехоҳанд. Иғвоангез ва бегонапараст мебошанд.
Вақтҳои охир инсоният ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба тамоми башариат таҳдид ва решаҳои амиқ дорад.
Ҳанӯз аз асрҳои миёна то ба ин рӯз, шахсони алоҳида ва гуруҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабӣ ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехоҳанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Дар охири қарни гузаш- та ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.
Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.
Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаш- тан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Дар ин росто тарбия мавқеъ ва нақши муҳим дорад. Зеро ҳуввияти фарҳангии қисме аз ҷавонону наврасон дар вазъияти ҳассос зери таъсири идеяи бегона қарор дошта, бо ин далел метавонанд гирифтори хурофотпарастӣ, костагии эътиқод гарданд.
Фурӯпошии бунёдҳои ахлоқӣ, арзишҳои миллӣ барои ҳар ҷомеа хатари ҷиддӣ ворид мекунад. Мо бояд ба умқи суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон расем, ки таъкид кардаанд: «агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоию фарҳангӣ дучор меояд». Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери Амалҳои террористии ҷангиёни давлати ба ном исломӣ дар бераҳмӣ, қатли мардуми бегуноҳ бесобиқа аст. Муносибати онҳо ба таълимоти дини ислом ва арзишҳои инсонӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Раванди ҷаҳонишавӣ ва бо суръати бесобиқа густариш ёфтани он ба ҳама паҳлуҳои зиндагӣ, аз ҷумла афкори ҷомеа таъсири ҷиддӣ мегузорад. Дар назми ҷаҳонишавӣ феълан ақидаи ягона, идея ва иродаи комил вуҷуд надорад, ки он боиси костагии ахлоқ гардида, ба таълиму интиқод қарор додааст.
Дар ин раванд, аз беҳтарин арзишҳои ниёгонамон, чун таҳаммулпазирӣ истифода бояд бурд. Он аз суннатҳои озмудашудаи миллатамон буда, усули давлатдорӣ низ аз таҳаммулпазирӣ сарчашма мегиранд. Таҳаммулпазирӣ асоси таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам абу Ҳанифа буда, то ба имрӯз моҳияти худро гум накардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310 солагии Имоми Аъзам (26 феврали соли 2009) чунин иброз доштанд: «Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки ихтилоф ва бархурди тамаддунҳо ҳар рӯз бо тобиши нав зуҳур мекунад, эҳё ва баҳрабардорӣ аз арзишҳои маънавии таълимоти таҳаммулгарои Имоми Аъзам, бешубҳа, ба густаришу тақвияти ҳамаҷонибаи гутфтугӯи тамаддунҳо мусоидат хоҳад кард».
Вазъи мураккабу ноороми ҷаҳони муосир тақозои онро дорад, ки Ватани худро ҳарчӣ бештар дӯст дорем, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ содиқона хизмат намоем. Дар ин росто таълиму тарбияи насли наврас метавонад нақши муҳим гузорад. Бахусус ҷавонон неруи созандаи Ватан буда, дар рушди тамоми соҳаҳо саҳми онҳо назаррасу арзишманд мебошад.” Мо ба ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, - омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 декабри соли 2022), - зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”.
Тавре дар Паёми Сарвари давлат омадааст, ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор доранд. Вобаста ба ин, ҳоло “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2027” қабул шуда, мавриди амал қарор доранд. Андешидани ин тадбирҳо ба самти ошкор ва пешгирии хавфу хатарҳои террористӣ, экстримистӣ равона шуда, бо тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавонон аз ин равияҳои хатарнок гирифта шавад. Ҳадаф бо роҳи дуруст ва дар руҳияи садоқат ба Ватан, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ тарбияи насли наврас мебошад. Мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, ватанамонро ҳифз ва обод намоем, парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем!
Фируз Насриддинов,
профессор, мудири кафедраи «Назарияи иқтисодӣ»-и
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон,
полковники хадамоти гумрук
Эмин Сангинзода,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
мушовири давлатии дараҷаи I