ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм: Вазъ ва дурнамо

Терроризм ҳамчун яке аз зуҳуроти зишттарини ҷомеаи инсонӣ таърихи тӯлонӣ дорад, вале он дар охири асри 20 дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ёфта, айни ҳол барои аксари кишварҳои ҷомеаи байналмилалӣ ба як хатари фарогир табдил гаштааст.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ду рӯз як маротиба дар ин ва ё он гӯшаю канори дунё амали террористӣ рух дода, қишрҳои гуногуни ҷомеа шурӯъ аз олимону иёсатмадорон то ба шаҳрвандони оддӣ атрофи терроризм ҳадс мезананд. Терроризм на миллат дорад, на дин ва на ҳудуд.

 

Маҳз ҳамин нишондиҳандаҳо мубориза бо терроризмро боз ҳам мушкилтар мекунад. Имрӯзҳо як қатор гурӯҳҳои ҷинояткори террористу экстремист бо сӯистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон аз ҳаргуна амалҳои даҳшатафкан ба ҷомеаи башар истифода карда, бо ин амалҳои нопоки худ ба обрӯйи дини мубини ислом ва мусулмонон латма мезананд.

Дар иртибот бо ин масъала қайд намудан ба маврид аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид карда буданд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри мубориза бар зиддӣ ин амали номатлуб пайваста кушишу талошҳои худро намуда истодааст ва яке аз ташаббускорони ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар саҳнаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Дар олами муосир терроризм ба яке аз масоили муҳим ва мубрами доираҳои васеи илмӣ-тадқиқотӣ табдил ёфтааст. Зеро, терроризм натанҳо дар муносибатҳои амъиятӣ, балкӣ дар ҳаёти одамони алоҳида низ мақоми махсуси таъсиррасониро касб кардааст. Ин раванд ҷомеаи башариро имрӯзҳо сахт нигарон кардааст, ки баҳри пешгирӣ ва фаҳми амиқи тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи ин падидаи манфур (терроризм) тамоми кӯшишҳоро равона карда истодааст. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби рӯз мебошад.

Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа, ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ ҳамчун амал бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ба сифати ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.

Имрӯз амалҳои террористиву экстремистӣ ва роҳҳои маблағгузории он аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил, хариду фурӯши одамон, силоҳ ва фасод таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба сулҳу амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ба шумор мераванд. Равандҳои террористиву экстремистӣ ба тинҷиву оромӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва озодии инсонҳо таъсир расонида, намегузорад, ки таҳкиму тақвият ёбанд.

Амалҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни олам миллионҳо нафар одамонро гирифтори хавфу хатар ва дар оташи ҷангу низоъҳо қарор додаст. Дар натиҷаи ин амалҳои даҳшатафкани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ солҳои охир зиёда аз 100 кишвари дунё зери ҳадаф қарор гирифта, бо сабаби онҳо садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Воқеан таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст.

Хосатан ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон дода истодааст, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Мақсади асосии қудратҳои ҷаҳонӣ ва таъмини манфиатҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии худашон мебошад, аммо дар ин кор гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ метавонанд яке аз муносибтарин силоҳҳои онҳо бошанд, зеро ин гурӯҳҳо бо истифода аз эҳсосоти динии мардум ба осонӣ дар ҷомеа роҳ ёфта, зери роҳнамоии кишварҳои абарқудрат вазъиятро ба нафъи онҳо, яъне ба нафъи хоҷагони худ, тағйир медиҳанд.

Ин аст, ки пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро қабл аз ҳама зарур аст, ки арзишҳои миллию фарҳангиамонро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа афзун созем.

Дар шароити кунунӣ манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона, доираҳои муайяне дар минтақа низ дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд.

Ин гурӯҳҳо маҳз аз заъфии дониши дунявиву динии мардум истифода намуда, зери шиори «ҷиҳод» сохторҳои мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ карда истодаанд, ки аз ин вабои идеологӣ ягон давлат эмин буда наметавонад. Зеро технологияи муосир пайвандгари ин равандҳо мебошад.

Дар баробари чунин таҳдиду хатарҳои воқеӣ, инчунин хатари истеҳсол ва содироти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон, ба кишварҳои наздисарҳадии он, аз ҷумла ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон нигаронии амиқро ба вуҷуд овардааст. Ин нигаронӣ танҳо ба амнияту суботикишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дахл надошта, балки ба кишварҳои минтақаи Аврупову Амрико низ таъсир мерасонад.

Имрӯз низ мубориза бар зидди истеҳсол ва содироти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз мушкилиҳои ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Эҳтимоли зиёд бар он аст, ки аксари ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ маҳз аз ҳисоби даромади ҳангуфти фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир маблағгузорӣ мегарданд.

Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Ҳамонгунае, ки танҳо мақомоти қудратии як давлат наметавонад бар зиддӣ ин вабои аср дар дохили давлати хеш ба таври бояду шояд мубориза барад, барои ин зарур аст, ки тамоми қишри ҷомеа камар баста даст ба дасти якдигар гузошта аз як гиребон сар бароварда мубориза баранд то натиҷаи дилхоҳе ба ком биёваранд. Дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бошад кишварҳоро мебояд, ки ҳамгироии худро чӣ дар равобити дуҷониба ва чӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ алайҳи ин падидаи даҳшатбор боз ҳам таҳким ва густариш бахшанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои минтақавӣ ба монанди Иттиҳоди авлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор амалҳои самаранок ва ҳадафнокро ба сомон расонида истодааст. Махсусан, дар самти мубориза бар зидди назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ояндаи наздик бо ташаббуси ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай сохтори махсус, Маркази зидди маводи мухаддир дар Душанбе ташкил хоҳад шуд.[10] Мавриди зикр аст, ки ташаббуси мазкур ҳанӯз соли 2006 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо аксари роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ташаббус ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷода баланд арзёбӣ мекунанд. Кишвари мо яке аз давлатҳои пешсаф алайҳи терроризм шинохта шудааст. Ҷаҳон кишвари моро барои истодагарӣ дар самти муқовимат бо терроризм эҳтиром намуда, сипосгузор аст. Хулоса, дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери роҳбарии сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи арзишманди мубориза бо экстремизм ва терроризмро касб намудааст, ки муаррифии амиқ ва дурусти он дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ барои пешбурди мубориза бо ин падидаҳо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хеле муфид хоҳад буд.

Ҳамзамон тақвият гаштани ҷанбаҳои сиёсию дипломатӣ ва таҳлилию коршиносии ҳамоиши байналмилалии мазкур метавонад дар самти мубориза бо терроризм ва экстермизм, роҳҳои маблағгузории он, аз ҷумла аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва фурӯши одамон ва рафъи ҳатару таҳдидҳои он барои кишвари мо, минтақа ва ҷаҳон бисёр муфид бошад.

Бинобар ин, решакан намудани терроризм вазифаи асосии ҳар як давлат буда, барои расидан ба натиҷаи мусбат ҳамкории давлатҳоро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тақозо менамояд. Дар баробари ин баланд бардоштани маҳорату малака ва бо лавозимоти муосири ҷангию техникӣ таъмин намудани сохторҳои қудратие, ки алайҳи терроризм хусусан дар марзҳо мубориза мебаранд шарт ва муҳим мебошад. Ҳамзамон муассисаю ташкилотҳои дахлдор аз ҷумла мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ вазифадоранд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани сатҳу сифати худшиносию масъулиятшиносии аҳли ҷомеа чораҳои зарурӣ андешанд.

ТАБАССУМ АЗИМЗОДА,
Директори иҷроияи Маркази тадқиқоти миллӣ ва байналмилалии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: