ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар қароргоҳи СММ «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид

22 апрел дар қароргоҳи СММ дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) ва Иттиҳоди Аврупо бори нахуст брифинги сатҳи баланд роҷеъ ба муаррифии «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» ва нақшаи амали он баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ ҳайатҳои кишварҳои узв ва коршиносони ниҳодҳои СММ оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо ифротгароии хушунатомез ва терроризм, инчунин намояндагони созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, минтақавӣ ва тахассусӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи чорабинии мазкур инъикоси пешрафт ва талошҳои кишвар дар самти муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ тибқи стратегияҳои қабулшуда ва нақшаҳои амалӣ буд.

Дар қисми ифтитоҳӣ муовини Дабири кул, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар СММ Олаф Скуг, роҳбари бахши ҳуқуқӣ ва мубориза бо терроризми Намояндагии доимии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар СММ Нидаа Абу Алӣ, Ҳамоҳангсози кишварии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ва намояндаи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Армандс Пуполс суханронӣ намуданд.

Дар рӯнамои Стратегия вобаста ба тамоюлҳо ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии кишвар дар соҳаи мубориза бо терроризм маълумоти муфассал пешниҳод гардида, мусоидати кишварҳои узв ва ниҳодҳои СММ ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегия муҳим дониста шуд.

Гузашта аз ин, дар рӯнамо оид ба талошу иқдомҳои кишвар дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ маълумот пешниҳод гардид.

Қобили зикр аст, ки намояндаҳои Узбекистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Чин, Уммон, Австралия, Тунис, Муғулистон, Парагвай, Латвия, Туркия, Сингапур, Арманистон, Баҳрайн, Эрон ва Марокко саҳм ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва назаррас арзёбӣ намуданд.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: