22 июли соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масъулин дар мавзуи «Коррупсия, терроризм ва экстремизм – ҳамчун зуҳуроти номатлуби замони муосир ва роҳҳои муқовимат ба онҳо» семинар баргузор гардид.
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.04.2026. Амалӣ намудани манфиатҳои миллӣ дар замони тағйирпазирии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии тамоми қишрҳои ҷомеа имрӯз яке аз масъалаҳои хеле муҳим дониста мешавад. Маҳз ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон неруи пешбарандаи рушди ҷомеа ва заминаи асосии фаъолнокии одамон ба шумор рафта, кафили пешрафти давлату миллат маҳсуб мешавад, ки шаҳрвандони мо бояд аз онҳо огоҳии комил дошта бошанд. Ин матлаб имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма ва марказҳои матбуотӣ дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм» баён гардид.
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як мамлакат ва ё як минтақа, балки ба тамоми давлатҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуби дорои хатари минтақавию байналмилалӣ терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилоти байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар баробари асри нав ба худ симои нав гирифта, моҳиятан муташаккилтару мураккабтар гардидааст.
Page 1 of 6


