ҲНИТ!!!
Хуни шаҳидони мо, мечакад аз чангатон!!!
(Аз қатли Муҳиддини Олимпур 22 сол пур гардид)
Аксари донишҷӯёни маҳаллаи маъруф ба “Ҷазира”-и ДДМТ субҳи хунини 13-уми декабри соли 1995-ро ёд доранд. Он субҳи тираи боронӣ ҷасади Муҳиддини Олимпур, маъруфтарин журналисти он айём дар пули назди факултаҳои филология ва журналистикаю шарқшиносӣ мехобид.
Имрӯз тасвири он саҳнаи даҳшатбор кори саҳлу содда менамояд ва онро кори дасти се-чор қотили касбӣ (киллер) мешуморанд. Аммо дар даромадгоҳи факултаҳое, ки аслан бо сухан ва қалам кор доштанд, партофтани ҷасади Олимпур ва аз даҳонаш парронидани ӯ на танҳо тасвири тасодуфӣ, балки ҳушдори қатъие ба қаламбадастони оянда ҳисоб мешуд.
Олимпур аслан на фарзанди ин майдон ва на он майдон буд. Амале, ки шуҳраташро зиёд кард, омода кардани барномаҳои телевизионие бо номи “Ситораҳои Шарқ” буд. Аз Гугуш мегуфт, аз Нодирпур ҳикоя мекард, розҳои Аҳмад Зоҳир мекушод.
Ва ҳатто соли кушта шуданаш, ки дар хиёбонҳои Душанбе хун мерехт, Сатторро ба Тоҷикистон оварда буд. Албатта, ба кӣ ва кадом кишвар аз ҳунармандону шоирону нависандагони фирорияшон нақл карданаш писанд набуд, дарк кардан кори душворе нест.
Шояд бо назардошти ин хафв сентябри соли 1995 Саттор маънидорона дар суханронии кӯтоҳе, ки дар “Кохи Борбад” дошт, аз аҳли толор хоҳиш кард, ки “Олимпурро эҳтиёт кунед”...
Солҳо гузаштанд...
Соли 2001 аз чор нафар қотилони Олимпур ду нафар ва баъдтар соли 2005 қотили сеюм боздошт шудаву ба курсии айбдорӣ нишастанд ва ба гуноҳи хеш иқрор шуданд. Маълум шуд, ки ин куштор бо дасти аъзои гуруҳи мусаллаҳи наҳзатӣ, таҳти фармондеҳии Нозим Юнусов (“Эшони Нозим”) сурат гирифта будааст. Агар ӯ имрӯз зинда мебуд, шояд мегуфт, ки дар навбати худ ин амрро аз куҷо гирифтааст. Вале соли 1999, дар натиҷаи як амалиёт қумондони номбурда кушта шуду бо ҳамин асрори кӣ будани фармоишгарро бо худ бурд.
Соли 2012 масъалаи қатли Муҳиддини Олимпур дубора дар сархати хабарҳо ҷой гирифт. Интизор мерафт, ки ба муносибати 15-солагии Истиқлол афви тиллоӣ эълон мегардад. Ба ин муносибат вакили парлумони он замон Муҳиддин Кабирӣ рӯйхате аз 161 нафар размандагони маҳбуси ҲНИТ-ро таъсис дода, аз Президент хоҳиш кард, то онҳо афв бишаванд. Ин рӯйхат авввал баъзе аз худи размандагони ҲНИТ-ро ба эътироз водор кард. Ба кадом роҳе шикояти собиқ қумондони ҲНИТ Садриддин Тошев ба расонаҳо роҳ ёфт.