ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нигориш

«Генерали мардумӣ» аз «дурбин»-и имомхатибон

Домуллову имомхатибони мӯҳтарами ватанӣ бар зидди Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ-генерали мардумии майдони Шаҳидон дар соли 1991-92 шӯрида, дар сомонаи расмии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ (www.din.tj) ӯро ба мазҳабфурӯшӣ ва гаровидан ба шиа муттаҳам кардаанд. Воқеан ҳам мазҳабфурӯшӣ ва он ҳам гаравидан ба шиъаи эронӣ, ки ҳамеша чун экстремизми исломӣ маҳсуб мерафт, барои нафаре, ки даъвои эшонӣ ва генералӣ дошт, паёмади хуб ба ҷамъияти мо надорад. Мазҳаб нафурӯшед, беҳтарин мазҳаб аз мост. Мо Метавонем!

Қиёмиддини Ғозӣ-хоини миллат ва мазҳаб


Сифларо манзур натвон сохтан, к-у хубрӯст.
Мехро дар дида натвон кӯфтан, к-ӯ аз зар аст

(Мавлоно Ҷомӣ).

Одами дарунсиёҳу хубрӯро муҳтарам донистан мумкин нест, чунонки мехи тиллоро, ки ҳарчанд аз тилло бошад, ба чашм намекӯбанд. Яке аз ин одамон Қиёмиддини Ғозӣ мебошад, ки солҳо худро ходими дини мубини ислом ва пайрави мазҳаби суннӣ медонисту имрӯз бо ташкилоти террористии ҲНИТ гаравтда дифоъ аз эшон дорад. Қиёмиддини Ғозӣ баъди он ки ба Эрон фирор кард, маълум шуд, ки дӯстдори мазҳаби шиа буда, роҳи ба он пайвастанро меҷуст.
Алоқамандии Қиёмиддини Ғозӣ аз замони солҳои ба миён омадани ҲНИТ ба вуҷуд омада буд. Нақшаи фаъолияти ӯву пайравони ҳизби ифротии наҳзатро аввал шиаён кашида буданд. Ин нақша марҳилаҳои пурнайрангеро дошта, зина ба зина бояд иҷро мегардид. Чун хиёнатҳояш оҳиста-оҳиста ошкор мегардад, нақшаи фирор пеш гирифта, сӯи ҳаммаслакони вайронкору фитнагараш рафт, чунки болу парашро хоҷагони шиааш бастанд. Аммо вақт собит месозад, ки ҳеҷ гуна аъмол беҷавоб намемонад, аз ҷумла, кирдорҳои разилонаи Қиёмиддини Ғозӣ, ки ҳоло ба мардум равшан гардидаасту худи ӯ дар боздошт қарор дорад. Аз ин хотир, бояд ӯ барои чунин амалкардҳояш ҷавоб диҳад, то ин омил ба дигарон дарси ибрат шавад.

Хатари ҳизбҳои динӣ ва давлатдории миллӣ

Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ" ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.

Аз ҳама мисоли равшан Афғонистон аст, ки тӯли беш аз 40 сол мардумаш аз гирудорҳои сиёсатмадорони дорои платформаҳои мухталифи динӣ ранҷи бениҳоят ме- кашанд. Либия, Судону Ирок, Сурияву Филиппин, Тунис ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ тӯли солҳои зиёдест, ки ноором буда, равиши муътадили пешрафтҳои худро аз даст додаанд. Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ - бо ташкили табаддулоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.

Боиси нигаронист, ки дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи 24» гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологуэар нануда, садояшонро пахш мекунанд. Аслан созмонҳои дифои ҳуқуқи инсон бояд дар худи ҷумҳурӣ вазъро ба мушоҳида бигиранд, таҳлили фарох дошта бошанд, аммо мутаассифона, ин тавр нест. Аз назари Кабирӣ ва ёронаш гӯиё дар Тоҷикистон дин хор шуда, ҳеҷ гуна озодии эътиқодӣ риоя намешавад.

ТЭТ ҲНИТ – қотили журналистон ва душмани озодии сухан

Чанде пеш дар шабакаи Ютуб навореро тамошо кардам, ки чанд сол қабл аз тӯи яке аз роҳбарони ТЭТ ҲНИТ сабт шудааст. Дар он дида мешавад, ки роҳбарони ҲНИТ ва думравонашон болои кати пурнозу неъмат нишастаанду “амри маъруф” мекунанд. Диққати маро дар навор ҳузури чеҳраҳои ошно - як идда журналистон ҷалб намуд. Ҷолиб он аст, ки ин журналистон, ки қисме аз онҳо журналистони кисагии ин “аллома”-ҳо маҳсуб мешуданду боқимонда ба ТЭТ ҲНИТ таваҷҷуҳи хос доштанд, ҳушу гӯши сафсатапарокании нафарони зикршуда буданд.

Тамошои навори мазкур маро водор намуд, ки оид ба бархурди ТЭТ ҲНИТ ба аҳли қалам мурур намоям. Бо дарки масъулият мегуям, ки ТЭТ ҲНИТ қотили журналистон ва душмани озодии сухан буду ҳаст. Наҳзатиҳои хурофотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ арзишҳои дунявӣ, ки озодии сухан рукне аз онҳост, чашми дидан надоранд. Дар марҳилаи муайян, хоса дар арафаи интихобот наздик шудани онҳо бо журналистон танҳо бо мақсади PR намудан буду халос.

Наҳзатиҳои террорист имрӯз низ то андозае аз як идда журналистон истифода намуда истодаанд. Таваҷҷуҳи баъзе расонаҳо то ҳанӯз побарҷо буда, зимни шарҳи масъалаи ба ин ташкилоти террористӣ рабтдошта аз зикри вожаҳои террористиву экстремистӣ будани он худдорӣ мекунанд. Ҳол он ки тибқи қонунгузорӣ журналист вазифадор аст, ки ин омилро ёдрас шавад. Доир ба ин масъала зарур аст ба матолиби воситаҳои ахбори оммаи Русия мутаваҷеҳ шавем. Журналистони рус дар гузоришҳояшон расман террористӣ будани ин ё он ташкилотро таъкид менамоянд. Имрӯз зарур ва ногузир аст то ахли ҷомеа дарк намоянд, ки 10 журналисти соҳибноми кишварро маҳз бо дастури ТЭТ ҲНИТ қатл кардаанд.

Page 3 of 4

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: