Дар Тоҷикистони азиз ҳанӯз аз замони соҳибистиқлолии кишвар ва марҳилаҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ аз фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба дод омада, нафрати хешро ба он баён медоштанд. Бахусус ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани Тоҷикистон аз ҷониби пайравон ва аъзоёни наҳзат, ки бо супориши хоҷагони хориҷӣ амалӣ мегардид, боиси нафрати мардум ба ин тоифаи нохалафон буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос ва дарк мекард, ки паси ин ҳама нафрату найрангҳои наҳзатӣ манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ нуҳуфтааст. Иддае аз фарзандони гумроҳи миллат он замон хостгори барангехтани кинаву адовати милливу динӣ байни ҳамватанон гардида, аз худ доно, оқил ва олими ислом тарошида, мардумро рӯирост ба сӯи ҷаҳолату торикӣ ва яъсу ноумедӣ раҳнамоӣ мекарданд.
Ҷавононро ба доми фиреби худ кашида, мағзҳояшонро бо андешаву фатвоҳои беасоси худ пур карда, бо дасти онҳо ғаразҳои нопоки худро амалӣ менамуданд. Махсусан барои ҷалби ҷавонон, ки дар ҳама давру замон нерӯ ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ва қишри таҳрикбахшанда маҳсуб меёбанд, наҳзатиҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҷавонони дониши кофӣ надошта, мушкилидошта ва ё руҳафтодаро бо сураву оятҳои ба хости худашон тарҷумаву мувофиқкарда ба сафҳои худ ҷалб менамуданд.