Дар китоби «Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе: Контраст, 2017, 464 саҳ.), аз ҷумла ба чунин нукоти омӯзанда дучор омадам:
«Дар тӯли асрҳои зиёд аҷдоди хирадманди мо дар қаламрави зисти худ ва ҳатто берун аз он, дар саргаҳи инқилобҳои бузурги зеҳниву ақлӣ қарор доштаанд ва эҷодгарони фарҳанги пешрафта, бунёдгузорони давлатҳои соҳибқудрат ва муназзам, муаллифони осори ҷовидонаи илмҳои фалсафа, ҳуқуқ, тиб ва табиатшиносӣ будаанд, ки ин осор садсолаҳои дароз хизмати инсониятро ба ҷо оварда ва имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодааст».
«Тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
«Мо - наслҳои имрӯзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба дӯши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем».
Ин суханони ҳидоятгари Пешвои миллатро ба назар гирифта, метавон андеша ронд, ки мо ҳамчун табақаи зиёии кишвар ва давомдиҳандагони кори аҷдодони хирадмандамон оё медонем, то чӣ андоза тавонистаем рисолати худро иҷро кунем, то чӣ андоза дар сарнавишти ояндаи давлат ва миллат масъулияти шахсии хешро эҳсос намудаем. Ҳамин аст, ки чун мехонаму мешунавам чӣ миқдор ҷавонони тоҷик ба кишварҳои ҷангзадаи арабӣ рафта, бо созмонҳои сияҳкори иртиҷоии ДОИШ ва монанди он пайвас-таанд, ё узвияти ташкилоти экстремистии ҳизби наҳзати исломро пазируфтаанд, худро гунаҳкор медонам. Чаро? Чунки ман ҳамчун як зиёӣ, як омӯзгор натавонистаам аз зеҳни ҳамдиёрам боварҳои иртиҷоии диниро берун кунам. Бояд аз худ пурсид: чӣ гуна шудааст, ки идеологҳои фарсахҳо аз кишвари мо дур, ба забону фарҳанги мо бегона, як ҷавони тоҷикро аз оғӯши модар, аз сарзамини падарон, аз байни мо ҷудо карда, ба вартаи ҳалокат, бенангиву бешарафӣ кашидааст. Ва барои посухи боварибахш ва қотеъ додан ба чунин пурсиш моро мебояд иқрор бишавем, ки рисолати худро ҳамчун зиёӣ ба тавре ки зарур асту бояд иҷро накардаем. Мо - зиёиёне, ки аҳли илм ва эҷод ҳастем ва асару мақолаҳо таълиф, барномаҳои радиову телевизионӣ таҳия менамоем, филмҳову асарҳои саҳнавӣ меофарем, аз минбарҳо сухангустарӣ мекунем, ба таври басанда натавонистаем ба дили ҷавонон роҳ ёбем, суханони Пешвои миллатро дар мавриди муқаддасоти марзу бум, хештаншиносии миллӣ дар зеҳни ҷавонон ҷой диҳем. Зеро, хештаншиносии миллӣ, меҳри Ватан ин ҳамон масуниятест (иммунитет аст), ки ба сони сӯзандоруи пешгирикунандаи марази вогир намегузорад, ки бемории ватанфурӯшӣ пайкари ҷавононро рахна кунад.