Аз 15 то 19 декабри соли 2025 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ҷаласаи 11-уми Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода иштирок намуд.
Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ баргузор гардид
12 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ доир гардид.
Баргузории суҳбату вохӯрӣ дар самти муқовимат ба коррупсия
3 декабри соли 2025 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсии хадамот бо сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Баҳромҷони Бобо баргузор гардид.
Page 3 of 11


