Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия ва иҷрои талаботи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, 13 июли соли 2026 дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии маърифатӣ бо иштироки декларантҳои ширкатҳои гуногуни брокерии гумрукӣ баргузор гардид.
Муқовимат ба коррупсия: нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ
Дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии донишгоҳ вобаста ба роҳҳои тақвият бахшидани тарғибу ташвиқи фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа чорабинии маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Кормандони мақомоти гумрук доир ба татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ омӯзиш гирифтанд
Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони мақомоти гумрук дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи «Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва сиёсати зиддикоррупсионӣ дар мақомоти гумрук» баргузор гардид.
Page 2 of 12


