ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шакари беборхати гумрукӣ боздошт гардид

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба миқдори 750 кг шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистонро бидуни ҳуҷҷатҳои гумрукӣ боздошт намуданд.

20- уми августи соли ҷорӣ равон кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд зимни амалиёти муштарак воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 5064 СС02-ро, ки таҳти ронандагии шаҳрванд М.Ӯ., соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, кӯчаи Низомӣ қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.

Боздошти бензини беборхат

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздикии гардиши ҷамоати Хизтеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 3173 СЕ 02 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ё.А. қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт карда шуд.

Риояи қатъии волоияти қонун

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ дар асоси фармоишҳои Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи нақша чорабиниҳо оид ба мубориза бо коррупсия ва зуҳуроти сӯйистифода аз вазифаҳои хизматӣ дар мақомоти гумрук барои солҳои 2016-2018», «Дар бораи тасдиқи барнома оид ба мубориза бо нишонаҳои коррупсия ва ҷиноятҳои вазифавӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва оид ба таҳким бахшидани иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

Page 7 of 8

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: