ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Боздошти 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелии беҳуҷҷат дар Ҷаббор Расулов

Ҳангоми гузаронидани амалиёти муштараки кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи «Камаз», рақами қайди давлатиаш 07 24 СС02 таҳти ронандагии шаҳрванд Е.О. қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошта шуд.

 

 

 

Ҳангоми азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелии истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд М.У. соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати деҳоти Сомониён тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро аз ҳудуди деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз як шахси ношинос, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст харидорӣ намуда, мехост беҳуҷатгузории гумрукӣ барои фурӯш ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ интиқол диҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд М.У. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: