Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастаги бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд зимни амалиёти муштарак дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи “Газ-24”, рақами қайди давлатиаш 45 06 СТ 02 РТ-ро, ки таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.З., қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.
Дар рафти азназаргузаронӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур 35 адад зарфҳои ғунҷоишаш 20 литра, дар маҷмӯъ ба миқдори 700 литр сӯзишвории намуди АИ-80 дарёфт гардид, ки моли мазкур ба худи ронанда шаҳрванд Б.З., истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоати Навбаҳор, кӯчаи Фирдавсӣ тааллуқ доштааст.
Ҳангоми пурсиш Б.З. қайд намуд, ки дар ҳақиқат моли мазкур ба ӯ ӯ тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор сӯзишвориро аз як шаҳрванди ношиноси қирғиззабон, ки охирон онро бидуни назорати гумрукӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қиғизистон тавассути ҷамоати наздисарҳадии Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид намудааст, харидорӣ кардааст.
Ҳамин тариқ дар кирдори шаҳрванд Б.З. нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, дида мешавад.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисабти Б.З. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон