ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист

Коррупсия ( калимаи лотинӣ corruptio – бо пора ба худ тобеъ кардан, харида гирифтан, ришва додан, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад намудан, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, азонихудкунӣ, исрофкорӣ, хешутаборчигӣ, маҳдудкунии рақобат, монеъгӣ кардан барои амали ҳуқуқу манфиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ) – зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ дар соҳаи сиёсат ё идоракунии давлатӣ мебошад, ки дар истифодаи қасдонаи вазъи хизматии худ аз ҷониби намояндагони ҳокимият барои ғайриқонунӣ ба даст даровардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ ва имтиёзҳо дар шакли дилхоҳ, ҳамчунин, харида гирифтани ин шахсон ифода мегардад.

Агар баъд аз сохтори ҷамоати ибтидоӣ ба сохти давлатдориву давлатсозӣ назар кунем, пас аз таҳқиқ ба хулосае мерасем, ки ришва як амали нави номатлуби ҷамъият набуда, решаҳои таърихӣ доштааст. Пораву тамаъҷӯӣ ва фасодкорӣ ҳанӯз баробари ташаккулёбии давлатҳои аввалини таърихӣ зуҳур карда, бештар дар бобати харидани мақомоти судӣ, соҳиб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва пайдо кардани баъзе муносибатҳои дӯстона бо арбобони давлатӣ дар таърихнигориҳо ба чашм мерасанд.

Дар таъриху таърихнигорӣ истилоҳи коррупсия дар кам ҷой ба чашм расад ҳам, аммо ишораҳои бештар ҳанӯз дар ҳазораи сеюми пеш аз милод дар Чини қадим, Ҳиндустон, Мисри қадим дар рӯи гилтахтаҳо ва сангҳо навишта шуда будааст.

Истилоҳи коррупсия дар аввалин адабиёти ҳуқуқӣ ва динии Юнони қадим, Мисри қадим, Ҳинд ва Чини қадим ва дигар тамаддунҳои қадимтарини дунё ба чашм мерасад. Масалан, дар китоби “Тарбияномаи Геракл ба писараш Мерикар” омадааст:

“Агар хоҳӣ, ки ба тамоми халқ сухани ту коргар бошад, кӯшиш намо, ки аз мансабдорони империя ягон зарраи даромад дарёфт накунӣ, зеро забони ту дар ҳузури онҳо кӯтоҳ ва ҳамаи умури давлатдории ту фано меёбад”.

Аз ин насиҳати Геракл ба писараш бармеояд, ки дарёфти ҳадяву ришва аз ҷониби давлатдорон дар Юнони қадим ҳам ба назар мерасидааст. Аксари соҳибназарон бар онанд, ки маҳз аз байн рафтани давлатдории Юнони қадим агар аз як сӯ ҷангҳои бемаъниву кишваркушоиҳои бисёр бошад, аз сӯи дигар дар дохили ҳукуматдорӣ пояҳои он аз сабаби ришвахориву тамаъҷӯйӣ хароб гашта, ба парокандагӣ ва аз байн рафтани императории Юнони қадим оварда расонидааст.

Дар давраи замони ҳахоманишинҳо, ки салтанаташ то Камбуҷа доман густурда буд, як қозӣ бар ивази пул ҳукми ноодилона содир намуд. Сипас, бо фармони Шоҳ Дориюш пӯсти он қозиро канда, ба курсии кориаш рӯйпӯш карданд.

Шоҳ Дориюш ба писари он қозӣ дастур дод, ки ба ҷои падараш қозӣ шавад ва ба курсии рӯйпӯши пӯсти падараш биншинад ва доимо ба хотир дошта бошад, ки ҳар нафари ришвахорро оқибати кор чунин аст.

Дар давлатдории дунявӣ аввалин санад ё худ қонуни махсусе, ки дар таърихномаҳо ба назар мерасад, ин қонун “Дар бораи шаробхорӣ ва манфиатҷуйиву тамаъкорӣ” аст ва он дар асри ХIII қабул шудааст. Дар аҳди Ивани III агар ба ҷиноятҳои доду гирифти ришва ҳукмҳои сахти адои ҷазо дар маҳбасхонаҳо пешбинӣ шуда бошад, дар аҳди набераи ӯ, ки бо тахаллуси Иван Грозний маъруф аст, барои ришвахорон ҳукми қатлро татбиқ мекард.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: “Яке аз хатарҳои дигаре, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад. Аз ин рӯ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки бо истифода аз ваколатҳои қонунии худ ба ин раванд таъсири бештар расонида, пеши роҳи қонунвайронкуниро сари вақт гиранд ва вазъиятро дар ин самт беҳтар намоянд”.

Зикр бояд кард, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби рӯз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: