ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шакари беборхати гумрукӣ боздошт гардид

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба миқдори 750 кг шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистонро бидуни ҳуҷҷатҳои гумрукӣ боздошт намуданд.

20- уми августи соли ҷорӣ равон кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд зимни амалиёти муштарак воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 5064 СС02-ро, ки таҳти ронандагии шаҳрванд М.Ӯ., соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, кӯчаи Низомӣ қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.

 

 

 

Ҳангоми азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 750 кг шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд М.Ӯ. тааллуқ дошта, номбурда онро аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ интиқол диҳад.

 

 

Ҳамин тавр шаҳрванд М.Ӯ. бо ин кирдори худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 81,82 ва 86-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисабти мавсуф мутобиқи моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: