ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Боздошти бензини беборхат

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздикии гардиши ҷамоати Хизтеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 3173 СЕ 02 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ё.А. қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт карда шуд.

Дар рафти азназаргузаронӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур 37 адад зарфҳои ғунҷоишаш 20 литра, ки дар дохилаш 740 литр сӯзишвории намуди Бензини АИ-80 ҷойгир карда шудаааст, дарёфт гардид, ки ин миқдор моли мазкур ба худи ронанда шаҳрванд Ё.А. соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Деваштич, ҷамоати Ваҳдат тааллуқ доштааст.

 


 

Ҳангоми пурсиш шаҳрванд Ё.А. қайд намуд, ки дар ҳақиқат моли мазкур ба ӯ тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор сӯзишвориро аз нуқтаи сӯзишвории "Асман-Оил"-и Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ намуда, молро бидуни назорати гумрукӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамоати Хизтеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид намуда, мехост ба ҳудуди ноҳияи Деваштич барои фурӯш интиқол диҳад.

 

 

Дар вақти санҷиш соҳиби мол нисбати моли дар автомашина буда ягон ҳуҷҷати гумрукӣ пешниҳод карда натавонист.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбат ба шаҳрванд Ё.А. мутобиқи моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маьмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: