Баҳри иҷроиши банди 3-юми Фармоиши Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон №65-Ф аз 11-уми апрели соли 2016 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба мубориза бо коррупсия ва зуҳуроти суйистифода аз вазифаҳои хизматӣ дар мақомоти гумрук барои солҳои 2016-2018», Фармоиши Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №192 аз 12-уми декабри соли 2016 «Дар бораи тасдиқи Барнома оид ба мубориза бо нишонаҳои коррупсия ва ҷиноятҳои вазифавӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва банди 12-уми нақшаи кории Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе семинари омузишӣ гузаронида шуд.
Дар семинар кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати 2-юми Агентӣ, Муқимӣ Нигора Аминзода, Сарнозири Сарраёсати Агентӣ, Маҷидӣ Абдукарим Асрориён ва Сарнозири Сарраёсати Агентӣ Одинамаҳмадзода Парвиз Одинамаҳмад иштирок намуданд.
Дар навбати худ Муқимӣ Нигора Аминзода Сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии корупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбик намудани он инчунин доир ба бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва таъмини Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30-юми августи соли 2013 №1504 «Дар бораи стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар назди ҳозирин ибрози ақида намуд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат зътироф гаштааст.
Муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад.
Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатй ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.
Аз ин хотир роҳбарияти сиёсии кишвар аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ва ноил шудан ба соҳибихтиёрӣ дар масъалаи мубориза бар зидди коррупсия ва зуҳуроти суйистифода аз вазифаҳои хизматӣ пеш аз ҳама решакан кардани омилҳои бо коррупсия мусоидаткунанда таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013 №1504 «Дар бораи стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад. Стратегияи мазкур ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дар он вазифаҳои вазорату идораҳо, мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирии коррупсия ва роҳҳои мубориза бо коррупсия ба тариқи мушаххас муайян карда мешавад.
Ҳамзамон Мукимӣ Нигора дар баромади худ қайд намуданд, ки бо таъқиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мубориза ба муқобили коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, дар ин ҷода ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш дода, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузорем.
Дар семинари омузишӣ, инчунин, моҳият ва ҳадафи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020», хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он шарҳ дода шуда, пешниҳод гардид, ки баҳри таъмини иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои он, пеш аз ҳама вазорату идораҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ бештар талош варзида, корро дар ин самт боз ҳам ҷонок намоянд.
Сипас аз ҷониби масъулини Агентӣ ба саволҳои сардори Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, подполковники хадамоти гумрук Сафаров Ҷамшед доир ба мавзӯи зиддикорупсионӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Роҳбарияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳозиринро ҳушдор намуданд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷроиши талаботҳои қонуни дар боло зикршуда аҳамияти калон дода мешавад ва ҳар яки мо ҳамчун хизматчиёни давлатӣ иҷроиши бечунучарои қонуни мазкурро ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ сармашқи кори ҳамарӯзаи худ гардонида ба қонуншиканиҳои коррупсионӣ роҳ надиҳем ва ҳамчунин таъкид намуданд,к и кормандони Раёсат талаботҳои қонуни мазкурро сарфи назар намекунанд ва баҳри решакан кардан ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон хоҳонад бурд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон