ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист

Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ барои тақвияти мубориза ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта заминаи мустаҳкам гузошта, дар самти муқовимат бо коррупсия, таҷрибаи кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таҳлили омори вазъи коррупсионӣ тамоми масъалаҳоро пешбинӣ намудааст, чанде қабл вохӯрии навбатии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ бо ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

 

Намояндагони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзӯи таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он дар назди ҳайати шахсӣ суханронӣ намуданд.

 

 

Дар идомаи мулоқот изҳор карда шуд, ки барои омӯзиши пурра ва таъмини иҷрои босамари талаботи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва дигар қонуну санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдор ва пешгирӣ намудан аз кирдорҳои коррупсионӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо мунтазам бояд ба роҳ монда шуда, баҳри пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: