Аз 20 то 22 октябри соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои корӣ вобаста ба гузаронидани даври дуюми шарҳи татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия баргузор гардиданд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва коршиносони гурӯҳи мониторингии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ доир гардид.
Бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии самараноки чорабиниҳои марбут ба раванди мазкур дар асоси фармоиши Агентӣ аз 10 октябри соли 2026, №112 гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи меъёрҳои Конвенсияи СММ зидди коррупсия таъсис дода шудааст.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида, 21 октябри соли 2026 аз соати 14:00 то 17:00 дар доираи қисми 4 моддаи 14 Конвенсияи СММ зидди коррупсия, ки ба чораҳои пешгирии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада бахшида шудааст, байни аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ ва намояндагони гурӯҳи мониторингии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ гуфтушунид ва муколамаи корӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи муқаррароти Конвенсия, чораҳои пешгирии қонунигардонии маблағҳои пулӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хадамоти гумрук дар оянда низ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол хоҳад гузошт.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


