ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақомоти гумрукӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими фарҳанги зиддикоррупсионии кормандони мақомоти гумрук дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи «Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва сиёсати зиддикоррупсионӣ дар мақомоти гумрук» баргузор гардид.

 

Машғулияти мазкур 26 октябри соли 2026 дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук доир шуда, сарнозири Бахши корҳои махсуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ Собирзода Абдуқодир бо шунавандагони курси такмили ихтисос суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дод.

Зимни машғулият ба муҳтавои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», инчунин Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 тасдиқ гардидааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба табиати ҳуқуқии коррупсия, сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда, оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки пешгирии коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар ин самт аҳаммияти муҳим дорад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва ҳисси масъулиятшиносии ҳар як корманд омили муҳими пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб меравад.

Дар анҷоми машғулият миёни иштирокчиён мубодилаи афкор дар шакли саволу ҷавоб баргузор гардида, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас ва шарҳу тавзеҳоти зарурӣ дода шуданд.

Хадамоти гумрук минбаъд низ бо мақсади таҳкими интизоми хизматӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионии кормандон баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишию фаҳмондадиҳиро идома медиҳад.

  Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: