ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ масъалаҳои татбиқи марҳилаи дуюми Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ гардиданд

5 августи соли 2026 дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба амалисозии Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030) ҳамоиши омӯзишию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

 

Дар ҳамоиш масъалаҳои муайян намудани омилҳои ба пайдоиши коррупсия мусоидаткунанда, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандон, пешгирии омилҳои хавфзо ва дарки оқибатҳои номатлуби коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъкид гардид, ки Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Раёсат қарор дошта, иҷрои саривақтии бандҳои он пайваста таъмин карда мешавад. Зикр шуд, ки шахси масъул барои татбиқи Нақшаи мазкур дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ муовини сардори Раёсат мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ВМКБ, лейтенанти калони адлия Беҳрӯз Назруллозода, оид ба аҳамияти амалисозии самараноки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия суханронӣ намуд.

Ӯ таъкид кард, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии коррупсия иҷрои босифат ва саривақтии бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030) мебошад. Ҳамзамон ба иштирокчиён хусусиятҳои Нақшаи чорабиниҳо, механизми амалигардонии он, тартиби таҳияи барномаҳои соҳавии зиддикоррупсионӣ, муайян намудани иҷрокунандагони асосӣ ва ҳамиҷрокунандагон, инчунин тартиби пешниҳоди ҳисоботи таҳлилӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи нақшаҳои дохилиидоравӣ ном, вазифа ва муҳлати иҷрои ҳар як масъул бояд мушаххас нишон дода шавад, то масъулияти шахсӣ дар иҷрои вазифаҳо тақвият ёбад. Ҳамчунин ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маводи иҷрошуда вобаста ба Стратегия тибқи тартиби хронологӣ аз талаботи муҳими ҳуҷҷатгузорӣ арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни ҳамоиш инчунин меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» мавриди шарҳ қарор гирифта, зикр гардид, ки тибқи банди 20 моддаи 25-и қонуни мазкур иҷро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд маҳсуб ёфта, мутобиқи моддаи 663¹ Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад.

Дар анҷоми чорабинӣ намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ВМКБ ба саволҳои ҳайати шахсии Раёсат посухҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ, полковники хадамоти гумрук Ҷовид Исмоилзода, ба намояндаи Агентӣ барои баргузории вохӯрии омӯзишии судманд изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки мақомоти гумрук ҳамчун яке аз мақомоти муборизабаранда бар зидди коррупсия минбаъд низ барои пешгирӣ ва коҳиш додани зуҳуроти коррупсионӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар таҳкими қонуният ва шаффофияти фаъолияти давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Муқовимати дастаҷамъона бо коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими фазои оштинопазири ҷомеа нисбат ба ин падида яке аз омилҳои муҳими рушди устувори давлат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад.»

Ин гуна чорабиниҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ ба баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ, тақвияти масъулияти хизматӣ ва татбиқи босамари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия мусоидат менамоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: