Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия ва иҷрои талаботи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, 13 июли соли 2026 дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии маърифатӣ бо иштироки декларантҳои ширкатҳои гуногуни брокерии гумрукӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби сарнозири Бахши корҳои махсуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти гумрук бо намояндагони бахши хусусӣ доир карда шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаи дохилиидоравӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти гумрук оид ба амалигардонии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ мавриди шарҳу тавзеҳи муфассал қарор гирифтанд.
Таъкид карда шуд, ки муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин замина Ҳукумати мамлакат барои такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, баланд бардоштани шаффофият, таҳкими интизоми хизматӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои пайгирона амалӣ менамояд.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳо ва суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки «коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори давлат, иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад». Аз ин рӯ, Пешвои миллат мубориза бо коррупсияро вазифаи муҳими мақомоти давлатӣ ва ҳамзамон масъулияти ҳар як хизматчии давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат арзёбӣ намуда, ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонуният ва таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Дар рафти чорабинӣ инчунин масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, риояи талаботи қонунгузории гумрукӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, риояи меъёрҳои одоби хизматӣ, таъмини шаффофият дар расмиёти гумрукӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ ҳамчун воситаи муҳими коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокчиён доир ба табиати ҳуқуқии коррупсия, сабабу омилҳои ба вуҷуд омадани он, таъсири манфии коррупсия ба рушди иқтисодӣ, фазои сармоягузорӣ ва эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ, инчунин таҷрибаи муваффақи давлатҳои пешрафта дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия маълумоти муфассал гирифтанд.
Таъкид гардид, ки мақомоти гумрук дар доираи ислоҳоти соҳа пайваста баҳри рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, содагардонии хизматрасониҳо, коҳиш додани омилҳои инсонӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти хизматӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамоянд, ки ин ҳама ба коҳиш ёфтани хавфҳои коррупсионӣ ва беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ мусоидат мекунад.
Дар анҷоми чорабинӣ музокирот дар шакли саволу ҷавоб баргузор гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд ва вобаста ба масъалаҳои амалии риояи қонунгузории гумрукӣ ва муқовимат ба коррупсия табодули афкор анҷом дода шуд.
Масъулин иброз доштанд, ки баргузор намудани чунин вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ бо иштироки соҳибкорон, декларантҳо ва дигар иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ минбаъд низ идома ёфта, ба таҳкими ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба коррупсия мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


