Дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии донишгоҳ вобаста ба роҳҳои тақвият бахшидани тарғибу ташвиқи фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа чорабинии маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур 10 июни соли 2026 дар толори таълимии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ доир шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ, таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои давлатдории миллӣ буд.

Чорабиниро декани факултет Мастура Буризода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар шароити рушди давлатдории миллӣ ва такмили низоми идоракунии давлатӣ муқовимат ба коррупсия аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар баробари омода намудани мутахассисони соҳибтахассус бояд дар ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, фарҳанги шаҳрвандӣ ва оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ саҳми назаррас гузоранд.

Дар чорабинӣ сарнозири бахши корҳои махсуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хадамоти гумрук Абдуқодир Собирзода доир ба татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ маърӯза намуда, таъкид кард, ки коррупсия аз ҷумлаи омилҳое мебошад, ки метавонад ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва сатҳи эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ расонад.

Ҳамчунин вобаста ба моҳияти ҳуқуқӣ ва иҷтимоии коррупсия, сабабҳои пайдоишу паҳншавии он, нақши маориф дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ маълумоти муфид пешниҳод гардид.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад. Дар ин самт нақши оила, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат муҳим арзёбӣ гардид.

Дар анҷоми ҳамоиш аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии ҷавонон, рушди ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва ташаккули фазои оштинопазир нисбат ба коррупсия махсус таъкид карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


