Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони мақомоти гумрук дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи «Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва сиёсати зиддикоррупсионӣ дар мақомоти гумрук» баргузор гардид.

Муқовимат бо коррупсия ва татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бахши корҳои махсуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ба шумор рафта, таҳти таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Хадамот қарор дорад.
Бо мақсади амалисозии нақшаҳои пешбинишуда дар ин самт, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, 18 майи соли 2026 сарнозири Бахши корҳои махсуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ Собирзода Абдуқодир барои баргузории машғулияти омӯзишӣ ба донишкада сафарбар гардид. Зимни курси навбатии такмили ихтисос ба мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ муҳтавои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст, шарҳ дода шуд.

Ҳамчунин иштирокчиён бо масъалаҳои марбут ба табиати ҳуқуқии коррупсия, оқибатҳои ҳуқуқии даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта шинос гардида, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ музокирот дар шакли саволу ҷавоб баргузор гардида, ба ҳамаи саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.
Таъкид гардид, ки Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ минбаъд низ ҷиҳати таҳкими маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кормандони мақомоти гумрук ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотиву тарғиботиро мунтазам идома хоҳад дод.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


