1 апрели соли 2026 дар Дастгоҳи марказии мақомоти гумрук бо ташшабуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсии хадамот бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ капитани адлия, Абдуллозода Одил Толиб нозири калони Раёсати муқовимат бо корупсия ва капитани адлия Раҳимзода Абдураҳим Ҷамшед нозири раёсати мазкур иштирок намуданд.
Вохӯриро сардори Раёсати кардҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, генерал майори мақомоти гумрук Абдуғаффорзода Баҳром оғоз намуда, қайд карданд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад.
Ҳамчунин сарнозири бахши корҳои махсуси Рёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии мақомоти гумрук Собирзода Абдуқодир ҳайати шахсиро бо мазмун ва муҳтавои мактуби ирсолнамудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.
Намояндаи Агентӣ Абдуллозода Одил Толиб оид ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он суханронӣ намуда, таъкид доштанд ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури зиддикоррупсионии кормандон ин пешгирии суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ ва татбиқи самараноки барномаҳои зиддикоррупсионӣ мебошад.
Мавсуф ҳаамчунин доир ба натиҷаҳои санҷиши қаблан баргузор намудаи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, оид ба иҷроишу амалисозии Нақша чорабиниҳои Стратегияи мазкур дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбат дод.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


