12 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ доир шуд.

Форум бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкории судманд бо намояндагони бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ доир гардид. Иштирокчиён ҳадафи баргузории форумро ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар бахши хусусӣ, нишон додани нақши он дар мубориза бо ин зуҳуроти манфӣ, баррасии масъалаҳои муҳими соҳа, муайян намудани роҳҳои муосири идоракунии корпоративӣ, таъмини шаффофият ва поктинатӣ дар тиҷорат, инчунин табодули таҷрибаи пешқадам дар ин самтҳо арзёбӣ намуданд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Ҳолиқзода иброз дошт, ки «дар ҷаҳони муосир бахши хусусӣ муҳаррики пешбарандаи рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ буда, мавҷудияи омилҳои коррупсионӣ дар ин самт сабаби коҳиши суръати рушди иқтисодӣ, аз байн рафтани рақобати солим, паст шудани ҳаҷми сармоягузорӣ, афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ ва коҳиш ёфтани эътимоди ҷомеа ба низоми иқтисоди бозорӣ мегардад».

Коррупсия зуҳуроти манфии фаромиллӣ буда, оқибатҳои манфии он барои давлат ва ҷомеа, хусусан барои бахши хусусӣ назар ба талафоти мустақиме, ки аз ришвахӯрӣ, қаллобӣ ва азхудкунии молу мулк ба вуҷуд меояд, чанд маротиба зиёдтар мебошанд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии соҳибкорӣ ва эҷоди фазои мусоид барои сармоягузорию тиҷорат ба самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат табдил ёфтааст.

«Рушди бахши хусусӣ дар заминаи зиндагии шоистаи мардум нақши беназир дошта, тавассути таъсиси ҷойи кор, афзоиши истеҳсолоти ватанӣ ва ҷалби технологияҳои нав ба рушди иқтисоди миллат такони ҷиддӣ мебахшад», – гуфт Ҳоким Холиқзода.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон роҷеъ ба сиёсати гумрукӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва таъмини амнияти иқтисодӣ иброз намуд, ки муқовимат ба коррупсия яке аз омилҳои муҳимтарини эътирофшуда дар расидан ба ормонҳои миллии ҳар мамлакат ба шумор рафта, тавассути он рушди бемайлони иқтисоди кишвар ва дар ин замина фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои шаҳрвандон таъмин карда мешавад.
“Бидуни шак, имрӯзҳо, рушди босуръати муносибатҳои иқтисодӣ ва тавсеаи гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни кишварҳо, истифодаи бемаҳдуди технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, системаҳои нави рақамӣ, инчунин, ҳамоҳангсозӣ ва стандартикунонии расмиёти маъмуриро дар соҳаҳои танзими давлатии тиҷорати хориҷӣ тақозо менамоянд.
Бо дарки ин воқеият, Хадамоти гумрук баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти иҷрои Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади мукаммалсозии пешбурди фаъолияти гумрукӣ, Барномаи рушди миёнамуҳлати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2024 қабул намуда, дар доираи он ба натиҷаҳои муайяне ноил гардидааст.

Амалисозии чорабиниҳо оид ба татбиқи ин Барнома ҳама самтҳои фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла такмил додани қонунгузорӣ, маъмурикунонии гумрукӣ, рушди низоми идораи таваккал, иҷрои вазифаҳои фискалӣ, риояи мамнӯияту маҳдудият, самти ҳифзи ҳуқуқӣ, таъминоти ҳуқуқӣ, рушди технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, кор бо кадрҳо, такмил додани инфрасохтор, ҳамкории байниидоравӣ ва рушди системаи пешниҳоди хизмати давлатиро ба танзим даровард.
Бо дарназардошти эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намудану рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ дар ин раванд, аз моҳи марти соли ҷорӣ дар Хадамоти гумрук Барномаи нави миёнамуҳлати рушди мақомоти гумрук барои соли 2025-2029 мавриди амал қарор дода шуд, ки татбиқи амалии он идомаи мантиқии Барномаи қаблӣ хоҳад буд.
Айни замон, дар мақомоти гумрук системаи иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардида истодааст, ки системаи мазкур ҳамгироии якчанд системаҳои алоҳидаро дар бар гирифта, қисматҳои зиёди он бо истифода аз унсури зеҳни сунъӣ ба амал бароварда мешаванд.
Корҳои анҷомёфта дар самти маъмурикунонии гумрук ва рақамикунонии фаъолият дар амалишавии мақсади асосӣ, яъне муқовимат ба коррупсия ва мусоидат ба тиҷорат самараи дилхоҳ ба бор хоҳанд овард», – изҳор дошт Хуршед Каримзода.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода иброз дошт, ки дар воқеъ масъалаҳои муқовимат ба коррупсия ва дастгирии соҳибкорӣ дар минбари сиёсати ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои дар амал татбиқ намудани он мунтазам тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Тазаккур дода шуд, ки дар Тоҷикистон тағйироти нав дар самти имтиёзҳои андоз, мораторияи дусола ба санҷишҳо, эълони солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорзанон ва ҷудо гардидани қарзҳои имтиёзноки бонкӣ ба соҳибкорон нишон медиҳанд, ки сиёсати ҳукумати мамлакат комилан ба як ҳадаф равона шудааст.
«Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки мунтазам хавфҳои коррупсиониро таҳлил намуда, барои пешгирии оқибатҳои нангини он дар ҷомеа, хусусан дар бахши хусусӣ, ба роҳ мондани рақобати солим, беҳтар кардани сифати хизматрасонии давлатӣ, ҷалби сармоя, инчунин ҳисоботдиҳии оммавӣ ва муқовимати низомнок тадбирҳои зарурӣ андешем», – изҳор дошт Сулаймон Султонзода.

Форум имконият фароҳам овард, ки байни намояндагони бахши хусусӣ, сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва меҳмонони хориҷӣ вобаста ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва дигар масъалаҳои мубрам мубодилаи афкор доир гардад.
Дар доираи форум лоиҳаи Кодекси идоракунии корпоративӣ ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии марҳилаи дуюми «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муаррифӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар кори форум роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, доираҳои васеи тоҷирон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоти байналмилалӣ, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, намояндагон аз мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Дар бахшҳои форум соҳибкорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилот ва коршиносони байналмилалии беш аз 40 давлати ҷаҳон низ ба таври маҷозӣ иштирок карданд.
Иштирокчиёни форум дар панҷ бахш масъалаҳои нақши мақомоти давлатии зиддикоррупсионӣ дар таъмини амнияти иқтисодӣ, поквиҷдонию идоракунии корпоративӣ дар тиҷорат, муқовимат ба коррупсия бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва имконияти зеҳни сунъӣ, инчунин таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самтро баррасӣ намуданд.



