3 декабри соли 2025 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсии хадамот бо сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Баҳромҷони Бобо баргузор гардид.
Вохӯриро сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ, генерал-майори хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод ифтитоҳ намуда, зикр карданд, ки баргузории чунин чорабинӣ барои баланд бардоштани маърифату шуур ва масъулияти ҳуқуқии зиддикоррупсионии кормандони мақомоти гумрук аҳамияти махсус дорад. Баъдан сухан ба сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсия Баҳромҷони Бобо дода шуд.
Баҳромҷони Бобо дар оғоз таъкид карданд, ки соҳаи гумрук дар низоми иқтисодиёти ҷаҳонӣ мавқеи хосса дошта, яке аз манбаъҳои асосии ташаккули даромади буҷети давлат мебошад. Ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва устувории молиявии кишвар, пардохтҳои гумрукӣ нақши калидӣ доранд.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи гумрук таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, нақши он дар беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусбат арзёбӣ мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо таъкид намудаанд, ки «Гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст».
Ҳамзамон мавриди таъкид қарор гирифт, ки коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла гумрук, таъсири манфӣ мерасонад. Бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар солҳои охир дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия қадамҳои устувор гузошта шуда, чораҳои муҳим ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии кормандону аҳолӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки кормандони мақомоти гумрук на танҳо дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, балки дар баланд бардоштани донишу маърифати зиддикоррупсионии ҷомеа низ саҳми арзанда доранд. Шаффофият, беғаразӣ, риояи қонунгузории гумрук, пешгирии қочоқ ва таъмини амнияти иқтисодӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як корманди гумрук мебошад.
Ҷараёни вохӯрӣ дар шакли саволу ҷавоб идома ёфт. Муовини сардори Раёсати таъмини ҳуқуқӣ Раҳимзода Зуҳал аз намояндаи Агентӣ дар бораи «Сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи коррупсия» савол пешниҳод намуданд. Дар посух Баҳромҷони Бобо шарҳ доданд, ки омилҳои коррупсионӣ гуногунанд, аммо муҳимтарин онҳо дар тарҳрезӣ ва санадҳои дохилиидоравии дорои хавфҳои коррупсионӣ зоҳир мегарданд. Аз ҷумла, Методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, тасдиқшуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 дар ин раванд нақши асосӣ дорад.
Ба ҳамаи саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардида, масоили мубрами амалияи мубориза бо коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷом, раисикунанда ба меҳмони муҳтарам барои маърӯзаи пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти гумрук ба роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ карданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


