Бо мақсади амалисозии бандҳои 6 ва 13-и Нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар мақомоти гумрук барои соли 2025, аз ҷониби Бахши корҳои махсуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ як қатор вохӯриҳо ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳию ташвиқотӣ доир гардиданд.
.jpg)
Чорабиниҳо дар дастгоҳҳои марказии Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон (16–17 сентябр), шаҳри Турсунзода (18–19 сентябр) ва шаҳри Душанбе (22–23 сентябр) баргузор гардида, дар онҳо ҳайати шахсии гумруку дидбонгоҳҳои марбута фаъолона иштирок намуданд.
.jpg)
Зимни вохӯриҳо масъулини Раёсати кадрҳо ба иштирокчиён оид ба мазмуну моҳияти сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, инчунин аҳамияти татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
.jpg)
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури зиддикоррупсионии кормандон, пешгирии суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ ва татбиқи самараноки барномаҳои зиддикоррупсионӣ аз ҳадафҳои асосии фаъолияти мақомоти гумрук мебошад.
.jpg)
Дар ҷараёни вохӯриҳо инчунин масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи масъулият, таъмини шаффофияти фаъолияти хизматӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳукумати электронӣ, фаъол нигоҳ доштани телефонҳои боварӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти зиддикоррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
.jpg)
Қайд гардид, ки дар ҳамаи гумруку дидбонгоҳҳои гумрукӣ лавҳаҳои иттилоотӣ оид ба муқовимат ба коррупсия ва рақамҳои телефони боварӣ насб гардида, фаъолият доранд. Пас аз анҷоми санҷиш муайян шуд, ки дар китобҳои бақайдгирии муроҷиатҳо ягон шикоят ба қайд гирифта нашудааст.
.jpg)
Дар фарҷоми чорабиниҳо масъулин ба кормандон таъкид намуданд, ки муқовимат ба коррупсия вазифаи умумии ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад ва иҷрои софдилонаву содиқонаи ӯҳдадориҳои хизматӣ ба таҳкими нуфузи мақомоти гумрук мусоидат мекунад.
.jpg)
Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ изҳор дошт, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиву тарғиботӣ дар самти муқовимат ба коррупсия минбаъд низ мунтазам идома хоҳанд ёфт.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


