ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сиёсати зиддикоррупсионӣ дар мақомоти гумрук

Муқовимат бо коррупсия ва сиёсати зиддикоррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва стратегии сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз иродаи сиёсӣ ва раҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ҳукумати кишвар ин падидаи номатлубро чун хатар ба амнияти миллӣ ва монеа ба рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ баҳо дода, дар тӯли солҳои охир як силсила чораҳои муассирро ҷиҳати коҳиш ва пешгирии он роҳандозӣ намудааст.

 

Коррупсия на танҳо боиси аз байн рафтани боварии мардум ба мақомоти давлатӣ мегардад, балки рушди иқтисодии кишварро суст намуда, фазои сармоягузориро зери хатар мегузорад. Аз ин рӯ, дар мубориза бо он саҳми тамоми шохаҳои ҳокимият, субъектҳои муқовиматкунанда ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Ҳар як шаҳрванд, новобаста ба мақому мансаб, бояд дар ин раванд бетараф набошад ва бо амали худ дар таҳкими фазои зиддикоррупсионӣ саҳмгузор бошад.

Қонунгузорӣ ва заминаҳои сиёсӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз се стратегияро дар самти муқовимат бо коррупсия қабул ва татбиқ намудааст:

1. Стратегияи мубориза бо коррупсия барои солҳои 2008–2012,

2. Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013–2020,

3. Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2021–2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст.

Ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти гумрук, фароҳам овардаанд.

Нақши мақомоти гумрук дар муқовимат бо коррупсия

Мувофиқи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақими муқовиматкунанда бо коррупсия эътироф гардида, ваколат ва уҳдадориҳои мушаххас барои амалӣ намудани ин вазифа ба зиммаи он гузошта шудаанд.

Мақомоти гумрук ҷиҳати иҷрои мукаммали ин вазифа дар асоси Стратегияи зикршуда Барномаи махсуси муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2021–2030 ва нақшаҳои амалиёти солонаро таҳия ва татбиқ менамоянд. Ин барнома ҳадафмандона ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву зиддикоррупсионӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти гумрукӣ ва аз байн бурдани омилҳое, ки ба коррупсия замина мегузоранд, равона шудааст.

Чораҳои асосии зиддикоррупсионӣ дар мақомоти гумрук

Мақомоти гумрук барои коҳиш додани хавфи амалҳои коррупсионӣ, аз усул ва механизмҳои зерин истифода мебаранд:

Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботӣ ва маърифатӣ дар байни кормандон ва аҳолӣ;

Омӯзиш ва таълими доимии зиддикоррупсионӣ барои кормандони гумрук;

Муайян ва бартараф намудани омилҳои инсонӣ тавассути ҷорӣ кардани ҳукумати электронӣ ва системаи ASYCUDA;

Беҳтарсозии шароити иҷтимоии кормандон, аз ҷумла ислоҳоти музди меҳнат ва таъмини манзил;

Фаъолсозии «телефони боварӣ» ва лавҳаҳои иттилоотӣ барои муроҷиати шаҳрвандон;

Гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ ва таҳлили хавфҳои эҳтимолии коррупсионӣ;

Пурзӯр намудани ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва ҷазои ҷиноятӣ барои амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ;

Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои муваффақ, аз ҷумла Ҷумҳурии Сингапур.

Оқибатҳои амалҳои коррупсионӣ ва масъулияти кормандон

Таҳлили амалияи амалҳои коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ нишон медиҳад, ки иштирок дар чунин кирдорҳо на танҳо сабаби маҳрум шудан аз вазифа ва ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад, балки обрӯи шахсӣ ва мақомотиро низ зери хатар мегузорад. Аз ин рӯ, корманди мақомоти гумрук наметавонад бо афроди дорои гузашта ё фаъолияти ҷиноятӣ муносибат дошта бошад ва бояд аз чунин иртиботҳо худдорӣ намояд.

Қобили қайд аст, ки шаффофият, масъулиятшиносӣ ва фарҳанги касбии баланди кормандони гумрук на танҳо самаранокии фаъолияти мақомоти гумрукро таъмин менамояд, балки ба паст кардани шиддати коррупсия дар ҷомеа низ мусоидат мекунад.

Хулоса

Муқовимат бо коррупсия, бахусус дар мақомоти гумрук, танҳо тавассути таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи кормандон ба даст меояд. Ҷорӣ намудани механизмҳои муассири пешгирӣ, таъмини шаффофият, таҳкими назорати дохилӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон бояд ҳамчун самтҳои асосии сиёсати зиддикоррупсионӣ дар мақомоти гумрук ҳифз ва густариш дода шаванд.

Дар роҳи муқовимат ба коррупсия, садоқат ба манфиатҳои миллӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносии ҳар як корманд омили калидӣ маҳсуб меёбад.

Сарнозири Бахши корҳои махсуси

Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ,

майори хадамоти гумрук,

Собирзода Абдуқодир

 

 

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: