ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии намояндагони Агентии мубориза бо коррупсия бо кормандони гумрук дар шаҳри Конибодом

30 апрели соли 2025, дар шаҳри Конибодом вохӯрии кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҳайати шахсии гумрук баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ муовини сардори гумрук дар шаҳри Конибодом, подполковники хадамоти гумрук Ҳидоятов Б.Н., сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Агентӣ дар вилояти Суғд подполковники хизмати адлия Маҳмудзода О. ва сарнозири шуъба подполковники хизмати адлия Каримӣ Ҳ.Ҳ. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ – баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба муқовимат бо коррупсия ва татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони Агентӣ бо овардани мисолҳои мушаххас роҳҳои пешгирии ин падидаи номатлубро шарҳ дода, кормандони гумрукро барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо коррупсия даъват намуданд.

Ҳамзамон, иштирокчиён оид ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи терроризм» ва «Дар бораи экстремизм» маълумоти муфассал гирифтанд.

Таъкид гардид, ки риояи қонунгузорӣ, иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ва тарбияи дурусти насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва хештаншиносӣ кафолати рушди устувори кишвар ва пешгирии хатарҳои замони муосир мебошад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: