Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои коҳиш додани сатҳи коррупсия ва таҳкими шаффофият дар тамоми соҳаҳои идорӣ тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин замина, санаи 18 апрели соли 2025 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсии хадамот бо сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихон Абдулҳаким баргузор гардид.
Мавзӯи вохӯрӣ таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба амалҳои фасодкорона, пешгирии омилҳои марбут ба он ва ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ оид ба оқибатҳои манфии коррупсия буд.
Вохӯриро муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук, подполковники хадамоти гумрук Эсанов Далер Пулодчонович ифтитоҳ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки бо мақсади татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ таҳия гардида, чораҳои амалӣ дар ин самт ба роҳ монда шудаанд. Дар идомаи чорабинӣ подполковник Розиқзода Алихон Абдулҳаким зикр намуд, ки бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии заруриро фароҳам овардааст. Ба гуфтаи ӯ, мубориза бо коррупсия танҳо бо талоши як ниҳод муяссар намешавад, балки он аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳамоҳангии байни сохторҳо ва иштироки фаъолонаи ҷомеа вобаста аст.
Дар хотима, таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи "Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2022–2030", чунин вохӯриҳо бо намояндагони Агентӣ мунтазам баргузор мегарданд.
Чорабинӣ дар фазои озоди мубоҳисавӣ баргузор гардида, ба ҳамаи саволҳои кормандон посухҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон