ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ

Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

9 феврали соли 2024 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Шерализода Хуршед ва кормандони мақомоти гумрук вохӯрӣ бо муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Насриддинзода Қиёмиддин Шовалӣ баргузор шуд.

 

Вохӯриро муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Шерализода Хуршед оғоз карда, қайд намуданд, ки коррупсия ба сулҳу субот ва истиқлолияти комили давлатҳо таҳдиду хатари бевосита расонида, дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ манфиати давлату ҷамъият мадди назар мегардад, иқтидори идоравии давлат ва дигар унсурҳои миллӣ аз байн мераванд.

 

Зимни суханронии худ Насриддинзода Қ., оид ба роҳу усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия, моҳият ва мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) суханронӣ намуда, қайд карданд, ки коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб эътимоду боварии мардумро ба сиёсати пешгирифтаи давлатҳои ҷаҳон аз байн бурда, пояҳои дилхоҳ давлатдориро коста мегардонад.

 

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ генерал-майори хадамоти гумрук Муродиён А.Р., ба кормандони ҷавон ва ҳайати шахсӣ муроҷиат намуданд, ки дар масоили муқовимат ба коррупсия бетарафӣ зоҳир накарда, ҷиҳати пешгирии содиршавии кирдорҳои корруспионӣ ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда саҳмгузор бошанд.

 

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки кормандон зимни фаъолияти хизматӣ ба ҳолатҳои корупсионӣ беътиноӣ зоҳир накунад. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ҳайати шахсӣ оид ба аксар масъалаҳои хусусияти корупсионӣ дошта маслиҳат ва дастурҳои мушаххас дода шуд.

 

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ намояндаи Агентӣ ба саволҳои аз ҷониби иштирокчиён пешниҳодгардида посухи мушаххас гардонида, таъкид дошт, ки баргузории ин гуна ҷамъомадҳоро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти гумрук барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи номатлуб заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: