ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Хадамоти гумрук оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯрӣ баргузор гардид

24 майи соли 2023 дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук - Муродиён Абдумумин Раҷабзод, муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсия, полковники адлия - Насрутдинзода Қиёмиддин Шовалӣ, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсия, подполковники адлия - Носирӣ Алишер Қаҳҳор ва кормандони мақомоти гумрук вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суханронӣ сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод иброз дошт, ки вохӯрии мазкур дар асоси пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф кардани сабаб ва шартҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд, амалӣ гардида истодааст.

Сипас, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсия Носирӣ Алишер Қаҳҳор суханронӣ намуда, роҷеъ ба вазъи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар моддаи 661 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” пешбинишударо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод.

Дар идома, инчунин, оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содир намудани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда низ ибрози назар карда шуд. Қайд гардид, ки хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти гумрукрро мебояд, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматияшон аз хавфҳои коррупсионӣ пешгирӣ намуда, ба он роҳ надиҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза бошад, коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст ва тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд.

Дар ин росто фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

Метавон гуфт, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯзи ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва муқобилияти дастаҷамъонаро талаб менамояд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ, муборизаи ҳамагониро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандӣ ҳар як фарди баору номус меҳисобанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: