8 феврали соли ҷорӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук, Муродиён Абдумумин Раҷабзод вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Вохӯрии мазкур дар асоси нақшаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба гузаронидани суҳбату вохӯриҳо дар самти муқовимат ба коррупсия бо вазоарту идо- раҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо доир шуд, ки дар рафти он полковники адлия Насрутдинзода Қиёмиддин Шовалӣ – муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Намояндаи Агентӣ доир ба рафти иҷрои “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия ба- рои давраи то соли 2030” ва марҳилаи якуми он дар солҳои 2021-2025 баромад карда, таъкид дошт, ки ҳар як мақомот бояд дар асоси ин стратегия нақшаи чорабиниҳои ҳарсолаи худро дошта, аз рӯи он дар ҳамкорӣ бо Агентии мазкур амал намояд.
Таъкид гардид, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он агарчи вазифаи ҳамешагии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия маҳсуб ёбад ҳам, вале дар роҳи пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ҳама баробар бояд саҳм гузорем. Зеро самаранокии мубориза бо коррупсия аз иштироки фаъолонаи ҳамаи намояндагони ҳокимият, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад.
Дар идома оид ба асосҳои ҳуқуқиву ташкилии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша карда шуда, намояндаи Агентӣ ба саволҳои аҳли нишаст дар ин самт ҷавобҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки баргузории ин гуна ҷамъомадҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти гумрук барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи номатлуб заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Бояд тазаккур дод, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузорад.