ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии гумрукчиён бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук, Муродиён Абдумумин Раҷабзод ва кормандони мақомоти гумрук вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Вохӯрии мазкур дар асоси нақшаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба гузаронидани суҳбату вохӯриҳо дар самти муқовимат ба коррупсия бо вазоарту идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо доир шуд, ки дар рафти он полковники адлия Насрутдинзода Қиёмиддин Шовалӣ – муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Намояндаи Агентӣ доир ба рафти иҷрои “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои давраи то соли 2030” ва марҳилаи якуми он солҳои 2021-2025 баромад карда, таъкид дошт, ки ҳар як мақомот бояд дар асоси ин стратегия нақшаи чорабиниҳои ҳарсолаи худро дошта, аз рӯи он дар ҳамкорӣ бо Агентии мазкур амал намояд.

Таъкид гардид, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он агарчи аз фаъолияти муътадилу мунтаззами кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия маҳсуб ёбад, дар роҳи пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ҳама баробар мебояд саҳм гузошт. Зеро самаранокии мубориза бо коррупсия аз иштироки фаъолонаи ҳамаи намояндагони ҳокимият, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад.

Инчунин, зимни вохӯрӣ оид ба асосҳои ҳуқуқиву ташкилии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша карда шуд.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ намояндаи Агентӣ ба саволҳои аз ҷониби иштирокчиён пешниҳодгардида посухи мушаххас гардонида, таъкид дошт, ки баргузории ин гуна ҷамъомадҳоро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти гумрук барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи номатлуб заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Муродиён Абдумумин Раҷабзод бори дигар меҳмонро ба Хадамоти гумрук хайрамақдам намуда, иброз намуданд, ки проблемаҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро он пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некуаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва низоми сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегардад.

Баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти муқовимат ба коррупсия бояд тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо истифода аз маҷмӯи воситаву усулҳои муосир фаъолият ва корбарӣ намоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: