Print

Коррупсия-падидаи номатлуби ҷомеа

Аз Муаллиф Қисмат: Муқовимат ба коррупсия Hits: 195

Таҳти унвони “Коррупсия, терроризм ва экстремизм падидаи номатлуби ҷомеа” дар шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

 

Семинари мазкур баҳри иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва тибқи дархости Ташкилоти ҷамъиятии муқовимат бо коррупсия ва экстремизм ба роҳ монда шуда, дар кори он намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсия, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаҳои кор бо ҷавонон, занон, дин ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нозири калони Бахши корҳои махсуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ - Собирзода Абдуқодир баромад намуда, оид ба масъалаҳои коррупсия, муқовимат бо ин падидаи номатлуби ҷомеа ва оқибатҳои сар задани он ибрози андеша намуд. Зикр гардид, ки муқовимат ба коррупсия ва сиёсати зиддикоррупсионӣ аз иродаи олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, сифат ва самаранокии амалигардонии он, аз фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, субъектони муқовиматбаранда ба коррупсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагии муҳим дорад.

Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, субъектҳои муқовиматбаранда ба коррупсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонанд ба коҳиш додани шиддати он, мусоидат намоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои коррупсионии бақайдгирифташуда, ки дар онҳо яке аз тарафҳо шаҳрвандон мебошанд, аз надонистани қонунгузории зиддикоррупсионӣ содир карда шудаанд. Аз ин рӯ, баргузор намудани вохӯриҳои дастаҷамъонаи зиддикоррупсионӣ мувофиқ ба мақсад аст.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта, маротибаи сеюм аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳо қабул ва тасдиқ мегарданд. Нахуст, Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012, баъдан Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва ҳоло бошад, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз 3 августи соли 2021, №222 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ки дар ҳоли амалишавӣ мебошад.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун субъекти бевоситаи муқовиматбаранда ба коррупсия дар асоси Стратегияи мазкур Барнома оид ба муқовимат ба коррупсия дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва дар робита ба он, Нақшаи чорабиниҳои амалисозиро давоми ҳар сол қабулу тасдиқ менамояд. Барномаи мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони мақомоти гумрук, таъмини шароити тоқатнопазири зиддикоррупсионӣ, пешгирии ҳама гуна сабабу шароитҳое, ки боиси сар задани коррупсия мегардад ва баҳри баланд бардоштани эътимоди мардум ба ин мақоми давлатии ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шудааст.

Бояд гуфт, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома оид ба муқовимат ба коррупсия дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун тарҳрезӣ гардидаанд, ки баҳри муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд. Ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, ҳавасмандгардонии кормандони ҷавон, баланд бардоштани вазъи иҷтимоии кормандон ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ аз қабили чорабиниҳои тарҳрезишуда мебошанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон