ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мубориза ба муқобили коррупсия саҳми аҳли ҷомеа метавонад пурарзиш бошад

Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад. Он барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

 

Ин зуҳурот решаҳои хеле қадимӣ дошта, мутаассифона, он имрӯз мисли экстремизму терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст.

Ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи “коррупсия” ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод мегардид.

Он ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти дав- латӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуда буд.

Ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ кардани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод низ фароҳам оварда шуданд.

Дар даврони истиқлол ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмуии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.

Умуман, коррупсия дар тамоми шаклҳои рафтори зиддиҳуқуқӣ эътироф гардидааст ва бесабаб нест, ки нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин кирдор ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Метавон гуфт, ки Тоҷикистон ба ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот то андозае муваффақ ҳам шудааст. Таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда-Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи ду- руст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа аст.

Мутаассифона, тавре мушоҳида мешавад, бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, вазъи содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар кишвар ҳанӯз ҳам масъалаи ташвишовар боқӣ мондааст. Ҳоло ҳам кирдорҳои коррупсионии шахсони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахусус, дар самти тақсимот ва вобаста кардани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзил, таъсису барҳамдиҳии хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, хизматрасонии коммуналӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми гузаронидани санҷишу тафтишот, ки айни замон боиси ташвиши шаҳрвандон шудааст, ба назар мерасад.

Дар мубориза ба муқобили коррупсия, гумон мекунем, саҳми аҳли ҷомеа метавонад хеле пурарзиш бошад. Ниҳодҳои ҷамъиятӣ низ метавонанд ба муқобили ин зуҳуроти нангину номатлуб ҷиддӣ мубориза баранд. Ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатно- пазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан, дар байни ҷавонон ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аҳамияти махсус дорад.

Чунин муносибат метавонад боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шуда, назари онҳоро нисбат ба коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир диҳад, то ки онҳо ҳуқуқу манфиатҳояшонро дар доираи қонунгузорӣ ҳимоя намоянд. Ба шаҳрвандон бояд нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, тарзу роҳҳои ҳуқуқии муқовимати мардум ба амалҳои коррупсионӣ фаҳмонида шавад.

Ҷиҳати ба аҳолии кишвар сари вақт ва дуруст расонидани моҳияти сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия, ба андешаи мо, хуб аст, ки дар воситаҳои ахбори омма силсилаи барномаҳои махсус ташкил карда шавад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Дар ин раванд, тавассути барномаҳои фарҳангӣ бо роҳи нишон додани паҳлуҳои манфии кирдорҳои коррупсионӣ, оқибатҳои номатлуби иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқиву маънавӣ, ҳуқуқӣ ва зиёни он ба са- ломатӣ метавон ба раванди мубориза ва муқовимат ба коррупсия таъсири мусбат расонд”.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: